Беш аз 70% бозори ҳавонавардии Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои Русия аст

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкСамолет Boeing 737-800 авиакомпании "ЮТэйр" в международном аэропорту Внуково имени А. Н. Туполева.
Самолет Boeing 737-800 авиакомпании ЮТэйр в международном аэропорту Внуково имени А. Н. Туполева.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари шаҳрвандон,и кишвар ба Русия тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ сафар мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия 72%-и парвозҳоро дар бозори ҳавонавардии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Ҳабиб Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар дод.
"Ҳафтае тақрибан 300 парвоз аз чор фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, ки 72%-и онҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва 28%-ро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон анҷом медиҳанд", - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки айни замон панҷ ширкати ҳавопаймоии Русия ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳанд: ширкати Utair, Ural Airlines, Nordwind, S7 ва Yamal.
Танҳо як ширкати ҳавопаймоии хусусии тоҷикӣ, Somon Air, аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунад.
"Мо иҷозат дорем, ки қариб ба ҳамаи минтақаҳои Русия парвоз кунем, аммо ҳама чиз аз имконоти ширкати ҳавопаймоии мо вобаста аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Назарзода, Nordwind Airlines парвозҳоро дар масири Тюмен-Душанбе-Тюмен аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз мекунад.
Somon Air айни замон шаш Boeing 787-800 ва ду Boeing 737-900 дорад.
Билет на самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2026
Мақомот: Нархи билети ҳавопаймо ба хориҷ арзон шуд
"Пас аз харидани ду ҳавопаймои Boeing 727 Max, ки барои мо дар корхонаи ширкат дар Сиэтл сохта мешаванд ва дар моҳҳои июл-август ба Душанбе меоянд, мо метавонем саҳми худро дар парвозҳо то ба 40% расонем”, - гуфт Назарзода.
Вай илова кард, ки имрӯзҳо ба Тоҷикистон ширкатҳои Air Astana, Uzbekistan Airways, Central Air (Uzbekistan), Flydubai, Turkish Airlines, Pegasus Airlines (Turkiya), Varesh Airlines-и Эрон, Jazeera Airways-и Кувайт ва AZAL-и Озарбойҷон ба Тоҷикистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Агентии авиатсияи граждании кишвар соли гузашта шумораи мусофирон дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Агентӣ қайд кард, ки шумораи умумии мусофирон дар соли 2025 2,9 миллион нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2024 399 ҳазор нафар камтар аст.
Агентӣ инчунин коҳиши шумораи умумии парвозҳоеро, ки аз ҷониби фурудгоҳҳо анҷом дода мешаванд, қайд кард. Дар маҷмӯъ 11,500 парвоз анҷом дода шудааст, ки нисбат ба соли 2024 170 парвоз камтар аст.
Вид из иллюминатора на крыло самолета президента Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2026
Таъсиси боз як ширкати ҳавоии дигар “Шоҳин Эйр” дар Тоҷикистон
Ғайр аз ин, дар гузориш ҳаҷми умумии бор ва почтае, ки дар терминали фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабул ва интиқол дода шудааст, расонаӣ шудааст. Тибқи омор ҳаҷми умумии бор 2,4 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 346 тоннаи он борҳои содиротӣ ва ду ҳазор тонна борҳои воридотӣ буданд.
Ҳаҷми боркашонӣ дар соли 2025 дар муқоиса бо соли гузашта низ 233 тонна коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки коҳиши мусофирон, шумораи парвозҳо ва интиқоли бор аз ноустувории сафари байналмилалии ҳавоӣ ва коҳиши талабот ба нақлиёт рабт доштааст.
Лентаи хабарҳо
0