https://sputnik.tj/20260128/maqomot-narkhi-bilet-havopaymo-arzon-1074852758.html
Мақомот: Нархи билети ҳавопаймо ба хориҷ арзон шуд
Мақомот: Нархи билети ҳавопаймо ба хориҷ арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иддаои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон коҳиши нархи билет ба далели ироаи 40% тахфифи фурудгоҳҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ сурат гирифтааст
2026-01-28T16:21+0500
2026-01-28T16:21+0500
2026-01-28T16:21+0500
дар тоҷикистон
авиатсияи гражданӣ
нарх
билет
ҳавопаймо
парвоз
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035194238_0:0:3094:1740_1920x0_80_0_0_a60c32d3b8e3658e9140900d473b0919.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Соли 2025 нархи билет ба хориҷи кишвар 25-30% поён рафтааст.Дар ин бора, Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Вай гуфт, ки нархи билетҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия дар соли гузашта аз 15-20 дарсад арзонтар шудаанд.Агентӣ мегӯяд, ки феълан нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия аз 1345 то ду ҳазор сомонӣ ва билети бозгашт аз 2800-3700 сомонӣ (вобаста аз шаҳр) аст.Дар варақаи матбуотии Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ омадааст, нархи билети ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Маскав аз 2580 то 1345 сомонӣ кам шудааст.Ҳамчунин нархи билет аз Душанбе ба Санкт-Петербург 1700 сомонӣ ва Душанбе-Красноярск 1300 сомонӣ таъйин шудааст.Ҳабибулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ илова кард, ки коҳиши нархи билет ба далели ироаи 40% тахфифи фурудгоҳҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, инчунин, афзоиши шумораи парвозҳо дар доираи сиёсати “Осмони боз” имконпазир гардид.Тибқи иттилои ин ниҳод, дар фасли зимистон ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тибқи ҷадвали тасдиқшуда ҳар ҳафта 135 парвози мунтазамро аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия анҷом медиҳанд.Боз як масири нав аз Душанбе ба Тюмен моҳи феврали соли 2026 боз мешавад. Онро ширкати ҳавопаймоии русии “Nordwind Airlines” анҷом хоҳад дод.Айни замон ширкатҳои ҳавопаймоии русии Utair, Ural Airlines, Nordwind Airlines, S7 Airlines ва Yamal Airlines ба Тоҷикистон парвоз мекунанд. Аз Тоҷикистон ба Русия танҳо як ширкати тоҷикӣ “Сомон Эйр” парвозҳои мустақим анҷом медиҳад.
https://sputnik.tj/20260128/tasisi-shirkati-havoi-shohin-eyr-tojikiston-1074847326.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035194238_338:0:3069:2048_1920x0_80_0_0_3bff555fd5748df34ab46c36d6eb7284.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нархи билет, ҳавопаймо, чипта, арзон, нарх, авиатсияи гражданӣ
тоҷикистон, нархи билет, ҳавопаймо, чипта, арзон, нарх, авиатсияи гражданӣ
Мақомот: Нархи билети ҳавопаймо ба хориҷ арзон шуд
Ба иддаои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон коҳиши нархи билет ба далели ироаи 40% тахфифи фурудгоҳҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Соли 2025 нархи билет ба хориҷи кишвар 25-30% поён рафтааст.
Дар ин бора, Ҳабибулло Назарзода, роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай гуфт, ки нархи билетҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия дар соли гузашта аз 15-20 дарсад арзонтар шудаанд.
Агентӣ мегӯяд, ки феълан нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия аз 1345 то ду ҳазор сомонӣ ва билети бозгашт аз 2800-3700 сомонӣ (вобаста аз шаҳр) аст.
Дар варақаи матбуотии Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ омадааст, нархи билети ширкати “Сомон Эйр” дар хатсайри Душанбе-Маскав аз 2580 то 1345 сомонӣ кам шудааст.
Ҳамчунин нархи билет аз Душанбе ба Санкт-Петербург 1700 сомонӣ ва Душанбе-Красноярск 1300 сомонӣ таъйин шудааст.
Ҳабибулло Назарзода зимни нишасти матбуотӣ илова кард, ки коҳиши нархи билет ба далели ироаи 40% тахфифи фурудгоҳҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ, инчунин, афзоиши шумораи парвозҳо дар доираи сиёсати “Осмони боз” имконпазир гардид.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар фасли зимистон ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тибқи ҷадвали тасдиқшуда ҳар ҳафта 135 парвози мунтазамро аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия анҷом медиҳанд.
Боз як масири нав аз Душанбе ба Тюмен моҳи феврали соли 2026 боз мешавад. Онро ширкати ҳавопаймоии русии “Nordwind Airlines” анҷом хоҳад дод.
Айни замон ширкатҳои ҳавопаймоии русии Utair, Ural Airlines, Nordwind Airlines, S7 Airlines ва Yamal Airlines ба Тоҷикистон парвоз мекунанд. Аз Тоҷикистон ба Русия танҳо як ширкати тоҷикӣ “Сомон Эйр” парвозҳои мустақим анҷом медиҳад.