https://sputnik.tj/20250606/sughd-mavludi-pushkinro-tajlil-1067929536.html
Дар Суғд мавлуди Пушкинро таҷлил карданд
Дар Суғд мавлуди Пушкинро таҷлил карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шимоли Тоҷикистон рӯзи мавлуди шоири рус Александр Пушкинро бо қироати ашъори ин шоир ба ҳафт забон таҷлил карданд
2025-06-06T17:01+0500
2025-06-06T17:01+0500
2025-06-06T17:01+0500
дар тоҷикистон
русия
пушкин
забони русӣ
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/06/1067929835_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_128d80be3070d951cfc05f3b4497d148.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар театри драмавӣ ва мазҳакаи русии ба номи Пушкин дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 226-умин солгарди зодрӯзи шоири рус Александр Пушкин ва Рӯзи байналмилалии забони русӣ баргузор шуд.Дар ин бора “Хонаи русҳо” дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст.Қабл аз оғози ҳамоиши тантанавӣ роҳбари “Хонаи русҳо” дар шаҳри Хуҷанд Татьяна Мудрова, иҷрокунандаи вазифаи директори театр Раъно Раҳматуллоева, ҳунармандони театр ва хонандагони мактабҳои маҳаллӣ ба пояи муҷассамаи шоир гулҳо гузоштанд."Таваҷҷуҳи хоси тамошобинонро ҳунарпешаҳои ҷавони Театри драмавии русии ба номи А.С.Пушкин ба худ ҷалб карданд, ки қаҳрамонҳои асарҳои ҷовидонаи шоири русро моҳирона зинда карда, муҳаббати худро ба каломи Пушкин нишон доданд", — Таъкид кардааст манбъа дар шабакаи Telegram-и худ.Илова бар ин, хонандагони мактаби кӯдакони лаёқатманди деҳаи Хистеварз бо роҳбарии омӯзгор ва иштирокчии лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" Фарида Ҳасанова ашъори шоирро ба ҳафт забон – русӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ, узбакӣ, арабӣ, бошқирӣ ва туркӣ қироат карданд."Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷуҳи хос дорад ва аҳамит ба омӯзиши он сол аз сол афзоиш меёбад. Намоиши кӯдакон рамзи ваҳдати фарҳангҳо ва тасдиқи он буд, ки нобиғаи Пушкин новобаста аз миллату забон ба мардум фаҳмо ва наздик аст", - қайд кард Мудрова.6 июн рӯзи мавлуди Александр Пушкин аст, ки дар Русия Рӯзи Пушкин ва Рӯзи забони русӣ эълон шудааст.
https://sputnik.tj/20250527/hazorho-muhojir-rusiya-suporidani-imtihon-zaboni-rusi-ozod-1067492535.html
русия
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/06/1067929835_67:0:1028:721_1920x0_80_0_0_3ad2f56d79002e32c9e1717da3528667.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, пушкин, маориф, фарҳанг, русия, забони русӣ, рӯзи мавлуди пушкин
тоҷикистон, суғд, пушкин, маориф, фарҳанг, русия, забони русӣ, рӯзи мавлуди пушкин
Дар Суғд мавлуди Пушкинро таҷлил карданд
Дар шимоли Тоҷикистон рӯзи мавлуди шоири рус Александр Пушкинро бо қироати ашъори ин шоир ба ҳафт забон таҷлил карданд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар театри драмавӣ ва мазҳакаи русии ба номи Пушкин дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 226-умин солгарди зодрӯзи шоири рус Александр Пушкин ва Рӯзи байналмилалии забони русӣ баргузор шуд.
Дар ин бора “Хонаи русҳо” дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст.
Қабл аз оғози ҳамоиши тантанавӣ роҳбари “Хонаи русҳо” дар шаҳри Хуҷанд Татьяна Мудрова, иҷрокунандаи вазифаи директори театр Раъно Раҳматуллоева, ҳунармандони театр ва хонандагони мактабҳои маҳаллӣ ба пояи муҷассамаи шоир гулҳо гузоштанд.
"Таваҷҷуҳи хоси тамошобинонро ҳунарпешаҳои ҷавони Театри драмавии русии ба номи А.С.Пушкин ба худ ҷалб карданд, ки қаҳрамонҳои асарҳои ҷовидонаи шоири русро моҳирона зинда карда, муҳаббати худро ба каломи Пушкин нишон доданд", — Таъкид кардааст манбъа дар шабакаи Telegram-и худ.
Илова бар ин, хонандагони мактаби кӯдакони лаёқатманди деҳаи Хистеварз бо роҳбарии омӯзгор ва иштирокчии лоиҳаи "Муаллими рус дар хориҷа" Фарида Ҳасанова ашъори шоирро ба ҳафт забон – русӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ, узбакӣ, арабӣ, бошқирӣ ва туркӣ қироат карданд.
"Тоҷикистон ба забони русӣ таваҷҷуҳи хос дорад ва аҳамит ба омӯзиши он сол аз сол афзоиш меёбад. Намоиши кӯдакон рамзи ваҳдати фарҳангҳо ва тасдиқи он буд, ки нобиғаи Пушкин новобаста аз миллату забон ба мардум фаҳмо ва наздик аст", - қайд кард Мудрова.
6 июн рӯзи мавлуди Александр Пушкин аст, ки дар Русия Рӯзи Пушкин ва Рӯзи забони русӣ эълон шудааст.