https://sputnik.tj/20260126/peskov-muzokirot-abu-dabi-davom-doda-meshavand-1074799597.html
Песков: Музокирот дар Абу Дабӣ ҳафтаи оянда давом дода мешаванд
Песков: Музокирот дар Абу Дабӣ ҳафтаи оянда давом дода мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Музокирот оид ба ҳалли бӯҳрони Украина бо иштироки намояндагони ИМА, Русия ва Украина ҳафтаи гузашта дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд 26.01.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-01-26T16:55+0500
2026-01-26T16:55+0500
2026-01-26T17:05+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
музокирот
абу-даби
сиёсат
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1a/1074799308_0:0:3059:1722_1920x0_80_0_0_5da825f1af3a6ebd27f6a6fb00fed758.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Музокирот барои ҳалли буҳрон дар Украина дар Абу Дабӣ ҳафтаи оянда давом дода мешаванд. Дар ин бора зи душанбе котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт.Песков афзуд, ки ӯ ҳанӯз санаи дақиқи мулоқотро гуфта наметавонад ва оғози ин равандро мусбат арзёбӣ мекунад. "Он далел, ки ин тамосҳо ба таври созанда оғоз шудаанд, метавонад мусбат арзёбӣ шавад", - гуфт сухангӯи Кремл.Ба гуфтаи вай, Кремл ҷузъиёти раванди гуфтушунидро дар Украина ба таври оммавӣ муҳокима намекунад ва Путин аз музокиракунандагони ҷониби Русия пайваста гузоришҳои мустақим мегирад.МузокиротМузокироти гурӯҳи кории сеҷониба бо иштироки намояндагони Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украина рӯзи ҷумъа, 23 январ дар Абу Дабӣ оғоз ёфт. Онҳо ду рӯз давом карданд ва рӯзи шанбе ба анҷом расиданд. Тавре ки ёвари президенти Русия Юрий Ушаков қайд кард, ба ҳайати Русия намояндагони Вазорати дифоъи Русия таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати ситоди генералӣ адмирал Игор Костюков, дохил шуданд. Ҳайати ИМА-ро дар музокирот дар Абу Дабӣ фиристодаи махсуси президент Стив Уиткофф, асосгузори ширкати “Affinity Partners” ва домоди Доналд Трамп, Ҷаред Кушнер, корманди Кохи Сафед Ҷош Грюнбаум, вазири артиш Дэн Дрисколл ва фармондеҳи олии НАТО дар Аврупо генерал Алексус Гринкевич намояндагӣ карданд. Ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ Рустем Умеров, роҳбари дафтари Владимир Зеленский Кирил Буданов (дар Русия ба руйхати террористҳо ва экстремистҳо ворид шудааст), муовини ӯ Сергей Кислица ва раҳбари фраксияи ҳизби ҳокими "Хидматгори мардум" Давид Арахамия намояндагӣ карданд. Музокирот оид ба Украина дар Абу Дабӣ аввалин музокироте буд, ки дар формати сеҷониба бо иштироки намояндагони Русия, Амрико ва Украина баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20260124/vukh-russiya-naqsha-sulh-ukraina-1074759262.html
русия
украина
абу-даби
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1a/1074799308_328:0:3059:2048_1920x0_80_0_0_1a92999a72370489efa6910054a1e806.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, музокирот, абу-даби, сиёсат , има
русия, украина, музокирот, абу-даби, сиёсат , има
Песков: Музокирот дар Абу Дабӣ ҳафтаи оянда давом дода мешаванд
16:55 26.01.2026 (Навсозишуда: 17:05 26.01.2026) Музокирот оид ба ҳалли бӯҳрони Украина бо иштироки намояндагони ИМА, Русия ва Украина ҳафтаи гузашта дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Музокирот барои ҳалли буҳрон дар Украина дар Абу Дабӣ ҳафтаи оянда давом дода мешаванд.
Дар ин бора зи душанбе котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт.
"Идомаи музокирот ҳафтаи оянда ба нақша гирифта шудааст", - гуфт ӯ ба хабарнигорон.
Песков афзуд, ки ӯ ҳанӯз санаи дақиқи мулоқотро гуфта наметавонад ва оғози ин равандро мусбат арзёбӣ мекунад.
"Он далел, ки ин тамосҳо ба таври созанда оғоз шудаанд, метавонад мусбат арзёбӣ шавад", - гуфт сухангӯи Кремл.
Ба гуфтаи вай, Кремл ҷузъиёти раванди гуфтушунидро дар Украина ба таври оммавӣ муҳокима намекунад ва Путин аз музокиракунандагони ҷониби Русия пайваста гузоришҳои мустақим мегирад.
Музокироти гурӯҳи кории сеҷониба бо иштироки намояндагони Русия, Иёлоти Муттаҳида ва Украина рӯзи ҷумъа, 23 январ дар Абу Дабӣ оғоз ёфт. Онҳо ду рӯз давом карданд ва рӯзи шанбе ба анҷом расиданд.
Тавре ки ёвари президенти Русия Юрий Ушаков қайд кард, ба ҳайати Русия намояндагони Вазорати дифоъи Русия таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати ситоди генералӣ адмирал Игор Костюков, дохил шуданд.
Ҳайати ИМА-ро дар музокирот дар Абу Дабӣ фиристодаи махсуси президент Стив Уиткофф, асосгузори ширкати “Affinity Partners” ва домоди Доналд Трамп, Ҷаред Кушнер, корманди Кохи Сафед Ҷош Грюнбаум, вазири артиш Дэн Дрисколл ва фармондеҳи олии НАТО дар Аврупо генерал Алексус Гринкевич намояндагӣ карданд.
Ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ Рустем Умеров, роҳбари дафтари Владимир Зеленский Кирил Буданов (дар Русия ба руйхати террористҳо ва экстремистҳо ворид шудааст), муовини ӯ Сергей Кислица ва раҳбари фраксияи ҳизби ҳокими "Хидматгори мардум" Давид Арахамия намояндагӣ карданд.
Музокирот оид ба Украина дар Абу Дабӣ аввалин музокироте буд, ки дар формати сеҷониба бо иштироки намояндагони Русия, Амрико ва Украина баргузор шуд.