Дар Тоҷикистон 44 иншооти нави фарҳангӣ бунёд шуд

© Хадамоти матбуотии президенти ҶТИфтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2026
Обуна шудан
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, айни ҳол сохтмони 9 иншооти нави фарҳангӣ идома дошта, 4 иншоот дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 44 иншооти таъиноти фарҳангӣ бунёд гардидаааст.
Дар ин бора, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамчунин дар ин давра 120 иншооти таъиноти фарҳангӣ таъмир ва азнавсозӣ шудаааст, аз инҳо:
59 китобхона,
39 қаср ва хонаи фарҳанг,
4 осорхона,
11 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ,
6 мактаби мусиқӣ.
Дар баробари ин, 11 китобхона ба биноҳои нав кӯчонида шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд, афзуд манбаъ.
Айни ҳол сохтмони 9 иншооти нави фарҳангӣ идома дошта, 4 иншоот дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарор доранд.
Ҳамчунин, дар соли 2025 дар театрҳои касбӣ 56 асари нав рӯйи саҳна омада, дар дохили кишвар 59 сафари ҳунарӣ ба 35 шаҳру ноҳияҳо сурат гирифт.
Муассисаҳои театрӣ ва консертӣ дар чорабиниҳои давлатӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, Сирки давлатии Тоҷикистон дар ин давра 21 намоиши сиркиро ба тамошобинон пешкаш намудааст.
Дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби муассисаҳои нашриявии вазорат 108 номгӯй китоб бо теъдоди 78 103 нусха ба маблағи беш аз 5,6 млн сомонӣ ба табъ расонида шуд.
Баран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2025
Дар Тоҷикистон муҷассамаи гӯсфанди ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ пайдо мешавад
Вазорати фарҳанг мегӯяд, дар соли ҳисоботӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии мамлакат, ҳифз ва рушди мероси моддиву ғайримоддӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолӣ равона карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0