https://sputnik.tj/20260125/gulmahmadzoda-naqsha-ama-dushanbe-rusiya-1074775482.html
Гулмаҳмадзода дар Маскав натиҷаи нишасти Душанберо баррасӣ кард
Гулмаҳмадзода дар Маскав натиҷаи нишасти Душанберо баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи шашҷониба, иштирокчиён татбиқи созишномаҳоеро, ки дар саммити моҳи октябр дар Душанбе ба даст омада буданд, баррасӣ карданд
2026-01-25T13:31+0500
2026-01-25T13:31+0500
2026-01-25T13:31+0500
дар тоҷикистон
дар русия
давлатшоҳ гулмаҳмадзода
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/16/1065960485_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_a36bccf7de8b31bb08838d0d3e03eea1.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Маскав оид ба ҳамкории амалӣ дар шакли "Осиёи Марказӣ-Русия" машваратҳо баргузор шуданд.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод. Дар ин мулоқот сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз Тоҷикистон, ҳамтои ӯ аз Туркманистон Эсен Айдогдиев, инчунин муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермуҳамбет Конуспаев, муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Алмаз Имангазиев ва муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бобур Усмонов иштирок карданд.Дар ин чорабинӣ ҷонибҳо ҳамкориро барои татбиқи Нақшаи муштараки амал барои солҳои 2025-2027 баррасӣ карданд.Ин ҳуҷҷат пас аз дуввумин Саммити Осиёи Марказӣ ва Русия дар Душанбе дар моҳи октябри соли 2025 қабул шудааст.Ҳамчунин ба ташаббусҳое, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни нишаст дар пойтахти Тоҷикистон пешниҳод карданд, таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи октябр дар Душанбе ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ баргузор гардид, ки дар он қарорҳои муҳим оид ба рушди ҳамкорӣ байни кишварҳои узв қабул карда шуданд.Он рӯзҳо ҷаласаи роҳбарони давлатҳо дар формати "Осиёи Марказӣ-Русия" низ баргузор гардид.
https://sputnik.tj/20251224/pritchin-etiboru-ahamiyati-osiyoi-markazi-baroi-rusiya-az-bartariyathost--video--1074101520.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/16/1065960485_97:0:2828:2048_1920x0_80_0_0_e89df9392b0edfeb989095da66560f6f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гулмаҳмадзода, маскав, натиҷа, душанбе
гулмаҳмадзода, маскав, натиҷа, душанбе
Гулмаҳмадзода дар Маскав натиҷаи нишасти Душанберо баррасӣ кард
Дар ҷаласаи шашҷониба, иштирокчиён татбиқи созишномаҳоеро, ки дар саммити моҳи октябр дар Душанбе ба даст омада буданд, баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Маскав оид ба ҳамкории амалӣ дар шакли "Осиёи Марказӣ-Русия" машваратҳо баргузор шуданд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод.
Дар ин мулоқот сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз Тоҷикистон, ҳамтои ӯ аз Туркманистон Эсен Айдогдиев, инчунин муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин, муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермуҳамбет Конуспаев, муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Алмаз Имангазиев ва муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бобур Усмонов иштирок карданд.
Дар ин чорабинӣ ҷонибҳо ҳамкориро барои татбиқи Нақшаи муштараки амал барои солҳои 2025-2027 баррасӣ карданд.
Ин ҳуҷҷат пас аз дуввумин Саммити Осиёи Марказӣ ва Русия дар Душанбе дар моҳи октябри соли 2025 қабул шудааст.
"Дар ин замина, масъалаҳои ҳамкорӣ дар формати шашҷониба дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, нақлиёт ва логистика, энергетика, тиб, робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона ва муҳити зист баррасӣ шуданд", - қайд кард вазорат.
Ҳамчунин ба ташаббусҳое, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни нишаст дар пойтахти Тоҷикистон пешниҳод карданд, таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи октябр дар Душанбе ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ баргузор гардид, ки дар он қарорҳои муҳим оид ба рушди ҳамкорӣ байни кишварҳои узв қабул карда шуданд.
Он рӯзҳо ҷаласаи роҳбарони давлатҳо дар формати "Осиёи Марказӣ-Русия" низ баргузор гардид.