Притчин: Эътибору аҳамияти Осиёи Марказӣ барои Русия аз бартариятҳост -видео

Обуна шудан
Дар соли 2025, Тоҷикистон мизбони бисёр чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, инчунин чорабиниҳои муҳим барои Русия ва минтақаи Осиёи Марказӣ буд
Дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) нишасти сарони ИДМ баргузор шуд ва президенти Русия Владимир Путин ба шаҳри Душанбе сафари давлатӣ анҷом дод.
Ғайр аз ин, дар Хуҷанд сарони се ҷумҳурӣ эъломияи "дар бораи дӯстии абадӣ"-ро байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон имзо карданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон натиҷаҳои сиёсии солро дар Тоҷикистон бо Станислав Притчин, роҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ дар Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Русия, баррасӣ кард.
"Соли 2025, Тоҷикистон мизбони нишасти байналмилалии ИДМ буд, Владимир Путин сафари давлатӣ анҷом дод ва барномаи СПАД барои ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2025 ба авлавияти хос табдил ёфт", - таъкид кард коршиноси масоили сиёсӣ.
Соли бурду бохтҳо: Соли 2025 дар Тоҷикистон бо чӣ хотирмон буд
Ба гуфтаи Притчин, вазъияти геополитикии ҷаҳонӣ тавре ҷараён дорад, ки таваҷҷуҳи Русия ба Осиёи Марказӣ ва бахусус ба Тоҷикистон дар солҳои охир зиёд шудааст, шумораи нишастҳои муштарак, сафарҳо ва форумҳои тиҷоратӣ афзоиш ёфтааст.
"Умуман, соли 2025 соли хуб дар Осиёи Марказӣ буд. Ин сол аз бисёр ҷиҳат барои ҳамкории Русия бо Осиёи Марказӣ дар сатҳҳои бисёрҷониба ва дуҷониба хеле муҳим буд", - гуфт коршинос.
Путин аз Тоҷикистон барои раёсаташ дар ИДМ изҳори сипос кард
Ба гуфтаи вай, соли 2025 остонаи марҳилаҳои ояндаи муносибатҳо ва ҳамкорӣ мебошад.
Сӯҳбати пурраро бо роҳбари бахши Осиёи Марказӣ дар Маркази таҳқиқоти пасошӯравӣ дар Академияи улуми Русия дар видео тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0