https://sputnik.tj/20260122/casa-tojikiston-sodirot-barq-1074698099.html
Мақомот: CASA-1000 ба Тоҷикистон имкони содироти барқи барзиёд истеҳсолшударо медиҳад
Мақомот: CASA-1000 ба Тоҷикистон имкони содироти барқи барзиёд истеҳсолшударо медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
CASA-1000 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1,3 ГВт содир намоянд
2026-01-22T09:36+0500
2026-01-22T09:36+0500
2026-01-22T09:36+0500
дар тоҷикистон
каса/casa -1000
энергетика
барқ
фурӯш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067147667_20:0:1202:665_1920x0_80_0_0_f576b0508f11f0e4f77d133082608ca1.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Лоиҳаи CASA-1000 имкон медиҳад, ки солона 1,3 ГВт нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ содир карда шавад.Дар ин бора Рустам Абдуллоев, сардори Департаменти сиёсати энергетикӣ, захираҳои об ва рушди илму технологияи вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар Ашқобод изҳори назар кард.Ба гуфтаи Абдуллоев, Тоҷикистон мутмаин аст, ки рушди устувори энергетика дар Осиёи Марказӣ танҳо тавассути ҳамоҳангӣ имконпазир хоҳад буд."Афзоиши босуръати истеҳсоли энергияи офтобӣ ва бодӣ дар Қазоқистон ва Узбекистон, ки иқтидори муқарраршудаи онҳо аллакай якчанд гигаваттро ташкил медиҳад, ба таври объективӣ ниёз ба иқтидори мувозинатиро дар Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Дар ин замина, бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон, ки тақрибан 98%-и истеҳсоли барқи кишварро ташкил медиҳад, бартарии назаррас дорад", - таъкид кард ӯ.Вай қайд кард, ки силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар бо обанборҳои танзимкунанда - асосан дар дарёи Вахш - "қобилияти манёврро таъмин мекунанд ва аллакай имрӯз имкон медиҳанд, ки ноустувории истеҳсоли энергияи барқароршавандаро дар системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷуброн кунанд", - изҳор дошт Абдуллоев.Вай илова кард, ки ин иқтидори Тоҷикистон бо анҷоми сохтмони НБО Роғун ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт."Ташаккули бозори умумии барқ дар Осиёи Марказӣ шароитро барои тиҷорати на танҳо барқ, балки хидматҳои системавӣ низ фароҳам меорад, ки эътимоднокии таъминоти энергияро афзоиш медиҳад, партовҳоро кам мекунад ва амнияти энергетикии минтақаро дар маҷмӯъ тақвият мебахшад", - идома дод Абдуллоев.Вай таъкид кард, ки "ҳамгироии минтақавии бозорҳои энергетикӣ барои Тоҷикистон авлавияти стратегӣ ва қисми муҳими сиёсати ҳамсоягии неки он мебошад".Лоиҳаи CASA-1000- ин бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Central Asia – South Asia (CASA)) мебошад. Лоиҳа сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони хати мазкур низоми энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро пайваст менамояд. Пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имкон фароҳам менамояд. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷануби неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир намоянд.
https://sputnik.tj/20250827/shirkati-breshno-loihai-casa--1000-dar-afghoniston-voridi-marhala-toza-shud-1070498196.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1c/1067147667_92:0:979:665_1920x0_80_0_0_8985a86d9d3f2ec9fdd45249a3520272.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, каса-100, содирот, барқ, энергетика, нерӯи барқ, истеҳсол
тоҷикистон, каса-100, содирот, барқ, энергетика, нерӯи барқ, истеҳсол
Мақомот: CASA-1000 ба Тоҷикистон имкони содироти барқи барзиёд истеҳсолшударо медиҳад
CASA-1000 ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ неруи барқи барзиёд истеҳсолшудаи худро дар ҳаҷми 1,3 ГВт содир намоянд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Лоиҳаи CASA-1000 имкон медиҳад, ки солона 1,3 ГВт нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ содир карда шавад.
Дар ин бора Рустам Абдуллоев, сардори Департаменти сиёсати энергетикӣ, захираҳои об ва рушди илму технологияи вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар Ашқобод изҳори назар кард.
"Тоҷикистон дар ташаббусҳои минтақавӣ, аз ҷумла лоиҳаи CASA-1000, ки имкон медиҳад то 1300 МВт нерӯи барқи изофии тобистона ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ содир карда шавад, фаъолона иштирок мекунад. Мо интизорем, ки интиқоли тиҷоратӣ аз соли 2027 оғоз шавад ва ин як қадами муҳим дар эҷоди як сутуни энергетикии минтақавӣ хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Абдуллоев, Тоҷикистон мутмаин аст, ки рушди устувори энергетика дар Осиёи Марказӣ танҳо тавассути ҳамоҳангӣ имконпазир хоҳад буд.
"Афзоиши босуръати истеҳсоли энергияи офтобӣ ва бодӣ дар Қазоқистон ва Узбекистон, ки иқтидори муқарраршудаи онҳо аллакай якчанд гигаваттро ташкил медиҳад, ба таври объективӣ ниёз ба иқтидори мувозинатиро дар Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Дар ин замина, бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон, ки тақрибан 98%-и истеҳсоли барқи кишварро ташкил медиҳад, бартарии назаррас дорад", - таъкид кард ӯ.
Вай қайд кард, ки силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар бо обанборҳои танзимкунанда - асосан дар дарёи Вахш - "қобилияти манёврро таъмин мекунанд ва аллакай имрӯз имкон медиҳанд, ки ноустувории истеҳсоли энергияи барқароршавандаро дар системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷуброн кунанд", - изҳор дошт Абдуллоев.
Вай илова кард, ки ин иқтидори Тоҷикистон бо анҷоми сохтмони НБО Роғун ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт.
"Ташаккули бозори умумии барқ дар Осиёи Марказӣ шароитро барои тиҷорати на танҳо барқ, балки хидматҳои системавӣ низ фароҳам меорад, ки эътимоднокии таъминоти энергияро афзоиш медиҳад, партовҳоро кам мекунад ва амнияти энергетикии минтақаро дар маҷмӯъ тақвият мебахшад", - идома дод Абдуллоев.
Вай таъкид кард, ки "ҳамгироии минтақавии бозорҳои энергетикӣ барои Тоҷикистон авлавияти стратегӣ ва қисми муҳими сиёсати ҳамсоягии неки он мебошад".
Лоиҳаи CASA-1000- ин бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Central Asia – South Asia (CASA)) мебошад. Лоиҳа сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони хати мазкур низоми энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро пайваст менамояд. Пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имкон фароҳам менамояд. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷануби неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир намоянд.