https://sputnik.tj/20250827/shirkati-breshno-loihai-casa--1000-dar-afghoniston-voridi-marhala-toza-shud-1070498196.html
Ширкати “Брешно”: Лоиҳаи CASA -1000 дар Афғонистон вориди марҳала тоза шуд
Ширкати “Брешно”: Лоиҳаи CASA -1000 дар Афғонистон вориди марҳала тоза шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати “Брешно” мегуяд, кори ин пружа дар хоки Афғонистон ҳам акнун дар се бахш ҷараён дорад ва қарор аст то ду соли оянда такмил шавад
2025-08-27T17:25+0500
2025-08-27T17:25+0500
2025-08-27T17:50+0500
дар тоҷикистон
каса/casa -1000
афғонистон
барқ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_0:115:3232:1933_1920x0_80_0_0_b638b3c6f4d05e09769a12c14e346c58.jpg
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Пружаи CASA -1000, ки барномаи интиқоли ҳазор мегаватт барқ аз Қирғизстон ва Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро ҳадаф қарор дода, дар Афғонистон вориди мароҳили тоза шудааст.Тавре хабаргузории "TOLOnews" дар истинод ба Ширкати “Брешно” мегӯяд, кори ин пружа дар хоки Афғонистон ҳам акнун дар се бахш ҷараён дорад ва қарор аст то ду соли оянда такмил шавад.Ба гуфта мақомҳои “Брешно”, дар соли гузашта бо ҳамкории тамвилкунандагон, 40 млн доллар аз бидеҳиҳои пешини ин пружа пардохт шуда ва қарор аст 90 млн доллари дигар низ таъмин шавад.“Дар соли қабл, мо ҷаласоти мутаъаддид бо донорҳо, ки CASA -1000-ро тамвил мекунанд доштем, 40 млн доллар, ки қаблан тавассути донорҳо пардохта шудааст ва дар ҳудӯди 90 млн доллари дигар, ки ниёзаст донорҳо ваъда доданд, ки мепардозанд ва феълан хушбахтона, ки кори ин пружа дар Афғонистон дар се бахш ҷараён дорад", - таъкид кард Носири Аҳмадӣ, мақомдори ширкати “Брешно”.Аз маҷмуи ҳазор мегават барқи ин пружа, 300 мегават ба Афғонистон ихтисос хоҳад ёфт ва боқии он ба Покистон содир мешавад.Бар бунёди маълумоти ширкати “Брешно”, Афғонистон аз масири ин пружа солона панҷоҳ милллион доллар ҳақи тронзит низ ба даст хоҳад оварад.Қарордоди пружаи CASA -1000, дар соли 2016 имзо шудааст . Кори бахшҳои марбут ба Қирғизистон ва Тоҷикистон такмил шуда, аммо дар Афғонистон ин пружа ба далели ноамнӣ, мушкилоти молӣ ва тағироти сиёсӣ ба таъхир рӯ ба рӯ шуд.
https://sputnik.tj/20190327/Kumaki-Bonki-jahon-ba-Tojikiston-KASA-1000-1028561453.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_252:0:2981:2047_1920x0_80_0_0_86867724b4d50764132604d231b1d91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
casa -1000, тоҷикистон, афғонистон, барқ, энергетика, брешно,
casa -1000, тоҷикистон, афғонистон, барқ, энергетика, брешно,
Ширкати “Брешно”: Лоиҳаи CASA -1000 дар Афғонистон вориди марҳала тоза шуд
17:25 27.08.2025 (Навсозишуда: 17:50 27.08.2025) Ширкати “Брешно” мегуяд, кори ин пружа дар хоки Афғонистон ҳам акнун дар се бахш ҷараён дорад ва қарор аст то ду соли оянда такмил шавад
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Пружаи CASA -1000, ки барномаи интиқоли ҳазор мегаватт барқ аз Қирғизстон ва Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро ҳадаф қарор дода, дар Афғонистон вориди мароҳили тоза шудааст.
Тавре хабаргузории "TOLOnews" дар истинод ба Ширкати “Брешно” мегӯяд, кори ин пружа дар хоки Афғонистон ҳам акнун дар се бахш ҷараён дорад ва қарор аст то ду соли оянда такмил шавад.
Ба гуфта мақомҳои “Брешно”, дар соли гузашта бо ҳамкории тамвилкунандагон, 40 млн доллар аз бидеҳиҳои пешини ин пружа пардохт шуда ва қарор аст 90 млн доллари дигар низ таъмин шавад.
“Дар соли қабл, мо ҷаласоти мутаъаддид бо донорҳо, ки CASA -1000-ро тамвил мекунанд доштем, 40 млн доллар, ки қаблан тавассути донорҳо пардохта шудааст ва дар ҳудӯди 90 млн доллари дигар, ки ниёзаст донорҳо ваъда доданд, ки мепардозанд ва феълан хушбахтона, ки кори ин пружа дар Афғонистон дар се бахш ҷараён дорад", - таъкид кард Носири Аҳмадӣ, мақомдори ширкати “Брешно”.
Аз маҷмуи ҳазор мегават барқи ин пружа, 300 мегават ба Афғонистон ихтисос хоҳад ёфт ва боқии он ба Покистон содир мешавад.
Бар бунёди маълумоти ширкати “Брешно”, Афғонистон аз масири ин пружа солона панҷоҳ милллион доллар ҳақи тронзит низ ба даст хоҳад оварад.
Қарордоди пружаи CASA -1000, дар соли 2016 имзо шудааст .
Кори бахшҳои марбут ба Қирғизистон ва Тоҷикистон такмил шуда, аммо дар Афғонистон ин пружа ба далели ноамнӣ, мушкилоти молӣ ва тағироти сиёсӣ ба таъхир рӯ ба рӯ шуд.