https://sputnik.tj/20260122/bartarafsozi-oqibat-tarma-roh-dushanbe-chanoq-1074710348.html
Ҳаракат манъ: Бартарафсозии оқибатҳои 30 тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ
Ҳаракат манъ: Бартарафсозии оқибатҳои 30 тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ
Sputnik Тоҷикистон
Аз шоми дирӯз то ин ҳангом дар роҳи Душанбе -Чаноқ 29 тармаи хурду бузург фаромадааст
2026-01-22T12:10+0500
2026-01-22T12:10+0500
2026-01-22T12:44+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
тарма
обу ҳаво
дар тоҷикистон
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/1a/1066367375_0:280:839:752_1920x0_80_0_0_afd8d82e4c997dddce8acbbab81a2735.jpg
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бартарафсозии 29 тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш идома дорад.Дар ин бора ширкати роҳсозии IRS хабар медиҳад.Бино ба гузориши ширкат, феълан ҳаракати нақлиёт тавассути ҷодаи мазкур манъ буда, кормандон кӯшиш доранд, дар наздиктарин фурсат роҳро боз кунанд.Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи бориши пуршиддати барф баландии он дар баъзе қитъаҳо ба 35 сантиметр расидааст. Аксари тармаҳо дар минтақаи Варзоб фаромадааст.Ҳамчунин, автомобилҳое, ки дар минтақаи тармафароӣ дар бунбаст монда буданд, ба макони бехавф интиқол ёфтанд.Ҳамин тавр, бартарафсозии пайомади тармафароӣ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш дар масири Душанбе - Чаноқ идома дорад.IRS мегӯяд, ба макони тармафароӣ техникаҳои пуриқтидори ширкат сафарбар шудааст.Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки то боз шудани роҳ аз сафар ба самти Хуҷанд худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20251215/tarmai-avval-rohi-dushanbe-chanoq-boz-1073810549.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/1a/1066367375_68:232:811:790_1920x0_80_0_0_b50de5567cb03d14f52a0932a7bacb32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарма, роҳ, душанбе, чаноқ,
тарма, роҳ, душанбе, чаноқ,
Ҳаракат манъ: Бартарафсозии оқибатҳои 30 тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ
12:10 22.01.2026 (Навсозишуда: 12:44 22.01.2026) Аз шоми дирӯз то ин ҳангом дар роҳи Душанбе -Чаноқ 29 тармаи хурду бузург фаромадааст
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бартарафсозии 29 тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш идома дорад.
Дар ин бора ширкати роҳсозии IRS хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ширкат, феълан ҳаракати нақлиёт тавассути ҷодаи мазкур манъ буда, кормандон кӯшиш доранд, дар наздиктарин фурсат роҳро боз кунанд.
"Агар тармафароӣ қатъ шавад, ният ҳаст, ки 2 соат пас, баъд аз пурра бартараф намудани оқибатҳои тармафароӣ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш, ҳаракати нақлиёт иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи бориши пуршиддати барф баландии он дар баъзе қитъаҳо ба 35 сантиметр расидааст. Аксари тармаҳо дар минтақаи Варзоб фаромадааст.
Ҳамчунин, автомобилҳое, ки дар минтақаи тармафароӣ дар бунбаст монда буданд, ба макони бехавф интиқол ёфтанд.
Ҳамин тавр, бартарафсозии пайомади тармафароӣ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш дар масири Душанбе - Чаноқ идома дорад.
IRS мегӯяд, ба макони тармафароӣ техникаҳои пуриқтидори ширкат сафарбар шудааст.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки то боз шудани роҳ аз сафар ба самти Хуҷанд худдорӣ намоянд.