Тармаи аввал: Роҳи Душанбе – Чаноқ боз шуд

© Foto / Пресс-служба компании IRSРаботы по расчистке лавин на трассе Душанбе-Чанак
Работы по расчистке лавин на трассе Душанбе-Чанак  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2025
Обуна шудан
Ширкати IRS хабар додааст, ки ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ имконпазир аст
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар роҳи Душанбе - Чаноқ ҳаракати автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо, ки субҳи имрӯз муваққатан маҳдуд гардида буд, иҷозат дода шуд.
Дар ин бора Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро бар уҳда дорад, хабар дод.
Ширкат чанде пеш хабар дода буд, ки боридани барф дар роҳи Душанбе - Чаноқ идома дошта, баландии барф дар баъзе қитъаҳо ба 25 - 30 сантиметр расидааст.
Ин ширкат хабар дод, ки бо боридани барфҳои шадид тармаи аввал дар Душанбе – Чаноқ ба қайд гирифта шуд.
“Чанд лаҳза пеш дар километри 69 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Варзоб, поёнтар аз нақби "Истиқлол") тарма фаромад. Он тармаи аввалин дар мавсими нави сармо буда, 10 метр паҳноӣ ва 2 метр баландӣ дорад”, - қайд кард намояндагии Ширкати IRS.
Дар робита ба ин, ҳаракати нақлиёт барои муддати начандон тулонӣ маҳдуд карда шуд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки боридани барф дар масири мазкур бошиддат идома дошта, дар баъзе қитъаҳо баландии барф ба 15 сантиметр расид.
Сход лавинных очагов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2025
Ҳушдори КҲФ: То Наврӯз хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад
Қайд карда шудааст, ки ба макони ҳодиса фавран техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат сафарбар шуда, то роҳро боз намоянд.
Сипрас пас аз чанд соат ин ширкат боз аз фаромадани 6 тармаи хурду бузурги дигар дар километрҳои 68 - 69-уми роҳи Душанбе – Чаноқ хабар дод.
“Ин тармаҳо то 9 метр паҳноӣ ва 3 метр баландӣ доранд”, - хабар дод манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, гузариши автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо муваққатан маҳдуд карда шуд.
Қайд карда шуд, ки кормандони ин ширкат роҳро мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард намуда истодаанд.
Намояндагии Ширкати IRS аз ронандагон хоҳиш кард, ки ҳангоми ҳаракат эҳтиёткор бошанд, тавсияҳои кормандони БДА ВКД ҶТ ва КҲФ-ро риоя намоянд ва бидуни омодагии марбут ба мавсими сармо ба сафар набароянд.
Лентаи хабарҳо
0