https://sputnik.tj/20260121/tojikiston-obanbor-nerugohh-oftobi-shinovar-1074691186.html
Тоҷикистон дар обанборҳо нерӯгоҳҳои офтобии шиновар месозад
Тоҷикистон дар обанборҳо нерӯгоҳҳои офтобии шиновар месозад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ният дорад истеҳсоли энергияи офтобиро дар рӯи об ба роҳ монад. Дар обанборҳо нерӯгоҳҳои офтобии шиновар сохта мешавад
2026-01-21T14:03+0500
2026-01-21T14:03+0500
2026-01-21T14:06+0500
дар тоҷикистон
нерӯгоҳи офтобӣ
обанбор
энергетика
грант
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/15/1074691810_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_fbd353d7a9fc6e31ac36f0e80f58fbc1.jpg
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар обонҳорҳои бузург сохтмони нерӯгоҳҳои офтобии шиноварро ба нақша гирифтааст.Ахиран ҳукумати Тоҷикистон барои таҳияи ин лоиҳа аз Бонки Осиёии Рушди (БОР) ба маблағи 1 миллион доллар маблағи грантӣ дастрас намудааст."Бо ин ташаббуси инноватсионӣ Тоҷикистон аз он чизе, ки фаровон дорад, истифода мебарад: офтоб ва об. Ин як қадами оқилона ба сӯи ояндаест, ки дар он ҳама дар тӯли сол энергияи боэътимод хоҳанд дошт, бе зарар ба муҳити зист", - таъкид кардааст Ко Сакамото, директори кишварии БОР дар Тоҷикистон.Тибқи лоиҳа потенсиали 5 обанбор арзёбӣ карда мешавад.Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки дар соли 2026 дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад.иқтидори ду нерӯгоҳи барқии офтобӣ 500 мегават хоҳад буд ва марҳилаи наве дар рушди энергияи сабз аст. Дар назар аст, ки нерӯгоҳҳои барқӣ офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун сохта шавад.Дар назар аст, ки барои сохтани лоиҳа 250 миллион доллар сарф шавад.Дар пайи камбуди шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон мақомот талош доранд тавлиди барқро аз дастгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунанд. Феълан бахши асосии барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои обӣ тавлид мешавад.Мақомот ахиран эълон кард, ки воридоти панелҳои офтобиро аз пардохти боҷи гумрукӣ ё андоз аз арзиши иловашуда, озод карданд.Бар асоси тағйирот ба Кодекси андоз, ки рӯзи 17 декабр порлумони Тоҷикистон қабул кард, барои овардани панелҳои отфобӣ то якуми январи соли 2031 боҷи гумрукӣ гирифта намешавад.Ҳадаф ҳавасмандсозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифода аз панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётии он мебошад.
https://sputnik.tj/20260114/tojikiston-sokhtmon-nerugohi-oftobi-oghoz-1074512115.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/15/1074691810_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_92a2ec87d66eeb1bf0bc1ecb93ec289d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нерӯгоҳи офтобӣ, шиновар, обанбор, рӯи об, энергия, энергетика
тоҷикистон, нерӯгоҳи офтобӣ, шиновар, обанбор, рӯи об, энергия, энергетика
Тоҷикистон дар обанборҳо нерӯгоҳҳои офтобии шиновар месозад
14:03 21.01.2026 (Навсозишуда: 14:06 21.01.2026) Тоҷикистон ният дорад истеҳсоли энергияи офтобиро дар рӯи об ба роҳ монад. Дар обанборҳо нерӯгоҳҳои офтобии шиновар сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар обонҳорҳои бузург сохтмони нерӯгоҳҳои офтобии шиноварро ба нақша гирифтааст.
Ахиран ҳукумати Тоҷикистон барои таҳияи ин лоиҳа аз Бонки Осиёии Рушди (БОР) ба маблағи 1 миллион доллар маблағи грантӣ дастрас намудааст.
"Бо ин ташаббуси инноватсионӣ Тоҷикистон аз он чизе, ки фаровон дорад, истифода мебарад: офтоб ва об. Ин як қадами оқилона ба сӯи ояндаест, ки дар он ҳама дар тӯли сол энергияи боэътимод хоҳанд дошт, бе зарар ба муҳити зист", - таъкид кардааст Ко Сакамото, директори кишварии БОР дар Тоҷикистон.
Тибқи лоиҳа потенсиали 5 обанбор арзёбӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки дар соли 2026 дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад.
иқтидори ду нерӯгоҳи барқии офтобӣ 500 мегават хоҳад буд ва марҳилаи наве дар рушди энергияи сабз аст. Дар назар аст, ки нерӯгоҳҳои барқӣ офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун сохта шавад.
Дар назар аст, ки барои сохтани лоиҳа 250 миллион доллар сарф шавад.
Дар пайи камбуди шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон мақомот талош доранд тавлиди барқро аз дастгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунанд. Феълан бахши асосии барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои обӣ тавлид мешавад.
Мақомот ахиран эълон кард, ки воридоти панелҳои офтобиро аз пардохти боҷи гумрукӣ ё андоз аз арзиши иловашуда, озод карданд.
Бар асоси тағйирот ба Кодекси андоз, ки рӯзи 17 декабр порлумони Тоҷикистон қабул кард, барои овардани панелҳои отфобӣ то якуми январи соли 2031 боҷи гумрукӣ гирифта намешавад.
Ҳадаф ҳавасмандсозӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифода аз панелҳои офтобӣ ва қисмҳои эҳтиётии он мебошад.