МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои “техникии” соли 2025-ро ҷамъбаст намуд

МегаФон Таджикистан подводит "технические" итоги 2025 года
МегаФон Таджикистан подводит технические итоги 2025 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2026
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Дар соли 2025 ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 170 майдони нав бунёд намуда, зиёда аз 450 пойгоҳи базавии (ПБ) 4G/LTE-ро ба истифода супорид.
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Ин имкон дод, ки минтақаи фарогирӣ ба таври назаррас васеъ карда шуда, сифати интернети мобилӣ дар саросари ҷумҳурӣ баланд бардошта шавад. Аз дастовардҳои оператор ҷоизаҳо гувоҳӣ медиҳанд: мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти мустақили ширкати DMTEL “МегаФон Тоҷикистон” аз ҷиҳати сифати алоқаи овозӣ ва таҳвили маълумот мавқеи пешсафро сазовор шуд.
Дар давоми сол муҳандисони ширкат зиёда аз 450 пойгоҳи базавии насли чорумро васл карда, ба кор дароварданд, ҳамаи онҳо дар диапазонҳои 800, 1800, 2300 ва 2600 МГс кор мекунанд. Истифодаи басомадҳои гуногун ва афзоиши шумораи ПБ болоравии қобилияти гузариши шабака ва дастрасии устуворро ба интернети босуръати мобилӣ барои муштариёни тамоми минтақаҳои кишвар – ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар нуқтаҳои алоҳидаи аҳолинишин таъмин намуд.
Барои таъмини фаъолияти беисти шабака дар шароитҳои душвори иқлимӣ дар пойгоҳҳои базавӣ 85 маҷмӯи нави генераторҳои дизелӣ ва панелҳои офтобӣ насб гардиданд. Илова бар ин, дар 232 ПБ беш аз 600 батареяҳои аккумуляторӣ иваз карда шуданд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки муштариён ҳатто ҳангоми қатъшавиҳои барқ дар хатҳои барқтаъминкунӣ бо алоқа ва интернет таъмин бошанд.
Россия и Таджикистан укрепляют сотрудничество в сфере цифровизации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2025
Ҳамкориҳои Маскаву Душанбе: "МегаФон Тоҷикистон" технологияҳои рақамии русиро ҷорӣ мекунад
Оператор ҳамзамон шабакаи хатҳои алоқаи магистралии нахӣ-нурии (ХАНН) худро инкишоф медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки ҳаҷмҳои калони трафик байни шаҳрҳо интиқол дода шаванд. Дар соли 2025 таҷҳизот дар самтҳои Хуросон – Бохтар – Колхозобод – Қумсангир – Панҷ – Фархор – Ҳамадонӣ – Восеъ –Темурмалик – Данғара – Норак ба таври маҷмӯӣ иваз карда шуд. Дар натиҷа, қобилияти гузариши магистрал даҳ маротиба боло рафта, ин бевосита ба суръат ва устувории таҳвили маълумот таъсир мерасонад.
Корҳои шабеҳ дар Файзобод ва Обигарм анҷом дода шуданд. Сохтмони хатти алоқаи нахӣ-нурии (ХАНН) Ҷиликул – Қабодиён – Шаҳритус фаъолона ҷараён дорад. Қитъаи нав сатҳи устувории шабакаро дар минтақаи ҷанубӣ беҳтар мекунад ва барои афзоиши минбаъдаи трафики интернет замина мегузорад.
Дар ВМКБ, қитъаи Ванҷ – Хоруғ 17 хатҳои радиорелейӣ мавриди навсозӣ қарор гирифта, иқтидори таҳвилӣ то 2 Гбит/с баланд бардошта шуд. Ин устувории пайвастшавиро дар минтақаҳои кӯҳӣ беҳтар намуд.
Дар Душанбе қариб 50% ҳалқаҳои шабакаи таҳвилӣ нав карда шуда, иқтидори онҳо 10 маротиба зиёд карда шудааст. Ин фаъолияти устувори интернетро ҳангоми сарбориҳои баланд таъмин мекунад ва барои роҳандозии хизматрасониҳо ва технологияҳои нави рақамӣ, бахусус 5G, заминаи технологиро фароҳам меорад.
Дар соли 2025 МегаФон Тоҷикистон 6 пойгоҳи нави базавии насли панҷумро ба кор дароварда, ба муштариён дастрасиро ба суръатҳои гигабитии таҳвили маълумот пешниҳод намуд.
МегаФон Таджикистан и Федерация футбола Таджикистана заключили соглашение о стратегическом сотрудничестве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2025
МегаФон Тоҷикистон ва ФФТ инкишофи варзишро дар кишвар идома медиҳад
Яке аз натиҷаҳои корҳои бомиқёс дар самти сохтмону навсозии шабака мавқеи пешсафи ширкат аз ҷиҳати сифати алоқа мебошад, ки аз ҷониби DMTEL дода шудааст. Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти мустақиле, ки аз моҳи май то августи соли 2025 дар Душанбе, НТҶ, ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон гузаронида мешуд, ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аз рӯи нишондиҳандаҳои сифати алоқаи овозӣ ва таҳвили маълумот ҷойи аввалро соҳиб гардид.
Оператор аз рӯи фоизи пайвастшавиҳои бомуваффақияти овозӣ (77,83%) ва пасттарин сатҳи қатъгардии зангҳо (6,56%) дар кишвар оператори беҳтарин гардид.
МегаФон Тоҷикистон суръати баландтарини таҳвили маълумотро нишон дод – 9,66 Мбит/с Downlink ва 8,25 Мбит/с Uplink. Ба иттилои ташаббускорони тадқиқот, 82,17% тамоми масири санҷишӣ бо фарогирии устувори 4G аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” таъмин карда шудааст.
"Вазифаи асосии мо таъмини ҳамаи сокинони кишвар бо хизматрасониҳои боэътимоди алоқа маҳсуб меёбад. Барои ин мо инфрасохтори телекоммуникатсионии худро пайваста рушд медиҳем ва технологияҳои замонавиро ҷорӣ мекунем.
Соли 2025 дар ин самт як марҳилаи муҳим буд: барои садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон ояндаи рақамӣ ба воқеият табдил ёфт", - натиҷаҳои солро ҷамъбаст намуда изҳор дошт Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Лентаи хабарҳо
0