Кашфи се майдони ояндадори тилло дар Тоҷикистон

© Sputnik / Игорь Егоров / Гузариш ба медиабонкЗолоторудное месторождение
Золоторудное месторождение   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2024
Обуна шудан
Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд ҷумҳурӣ дорои захираҳои ғании тилло, металҳои сиёҳу ранга ва қиматбаҳо мебошад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ба иттилои Саридораи геологияи Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли равон мутахассисони геологӣ корҳои омӯзиширо анҷом дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки аз рўи натиҷаҳои ташхиси гузаронидашуда дар майдони маъдании Саримард як ҷисми маъдании ғафсии 4 м бо файзнокии тилло 1,35 г/т, ду ҷисми маъданӣ бо ғафсии 12 м ва файзнокии тилло 0,78 г/т муайян карда шуданд.
Дар ҳоли ҳозир дар ин майдони тилло корҳои саҳроӣ идома доранд.
Ҳамчунин дар натиҷаи гузаронидани корҳои ҷустуҷӯи умумӣ ва дақиқи геологӣ дар майдони Ошоба ояндадории он нисбати маъданҳои тилло ва нуқра дақиқ карда шуда,
“Захираи тилло бо категорияи С2 -423,0 кг, Р1-1516,0 кг, Р2 -2139 кг (дар маҷмӯъ – 4078,0 кг) ва захираи дурнамои нуқра 55772 кг ҳисоб карда шуд”, - қайд кардааст манбаъ
Ин ҳам дар ҳолест, ки корҳои ҷустуҷӯию арзёбии тиллои обруфт дар майдони маъдандори Оби Сурх ташхиси маҳакҳо файзнокии металлро аз 40 мг/м3 то 556,3 мг/м3-ро нишон дод ва муайян гардид, ки се қабати линзамонанди маҳсулнок мавҷуд мебошанд.
Россыпное золото, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2020
Ширкати чинӣ дар ноҳияи Айнӣ ба истеҳсоли тилло шурӯъ мекунад
Воҳидҳои сохтории саридора дар баробари иҷрои лоиҳаҳои барномавӣ корҳои омӯзиши геологиро дар асоси шартнома бо ҷамъияту ширкатҳои "ТВЕА-Душанбе-Саноати кӯҳӣ", "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой", "Зарафшон", "Талко Голд", "Нигоҳи оянда", "Рушди энержии Хайтоу" ва ғайра дар объектҳои иҷозатномавии онҳо иҷро намуданд.
Лентаи хабарҳо
0