Мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Русия бозии дӯстона баргузор мекунанд?

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия
Футбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2026
Обуна шудан
Мунтахаби Тоҷикистон имкон дорад дар соли равон бо мунтахаби футболи Русия бозии дӯстона баргузор намояд
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Мунтахаби футболи Тоҷикистон баргузории бозии дӯстона бо мунтахаби Русияро дар соли 2026 баррасӣ хоҳад кард.
Дар ин бора сомонаи Metaratings.ru дар истинод ба Хадамоти матбуотии даста хабар додааст.
Дар моҳи марти соли 2026 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Филиппин ширкат хоҳад кард.
“ФИФА айни замон то охири соли 2026 барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ягон бозии дигаре ба нақша нагирифтааст. Аз ин рӯ, даста дар оянда рақибони эҳтимолиро барои бозиҳои дӯстона меҷӯяд”, - таъкид кардааст хадамоти матбуоти даста.
Тибқи иттилои манбаъ, агар ҳарду федератсияи футбол таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд, бозӣ бо Русия дар соли 2026 аз ҷиҳати назариявӣ имконпазир аст.
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарият ва фан-клубҳои дастаҳо ҷаласаи васеи корӣ доир намуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2025
Дар ФФТ комиссияи нави назорати молиявии клубҳои футбол таъсис дода шуд
Мунтахабҳои Русия ва Тоҷикистон бори охир дар майдони футбол дар соли 2022 дар Душанбе рақобат карда буданд. Бозии гузашта бо ҳисоби мусовии 0-0 ба анҷом расид.
Дар соли 2025 дастаи мунтахаби Русия дар доираи мусобиқаи BetBoom даҳ бозии дӯстона анҷом дод.
Дар ин бозиҳо дастаи Валерий Карпин бо шаш ғалаба, як мағлубият ва се мусовӣ анҷом ёфт. Аз моҳи феврали соли 2022 дастаи мунтахаби Русия аз иштирок дар мусобиқаҳои УЕФА ва ФИФА маҳрум карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0