https://sputnik.tj/20250411/fft-komissiyai-navi-nazorati-moliyavii-klubhoi-futbol-tasis-1066935826.html
Дар ФФТ комиссияи нави назорати молиявии клубҳои футбол таъсис дода шуд
Дар ФФТ комиссияи нави назорати молиявии клубҳои футбол таъсис дода шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарони бошгоҳҳо ва сарони фан-клубҳои Тоҷикистон баргузор гардид
2025-04-11T10:49+0500
2025-04-11T10:49+0500
2025-04-11T10:49+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
ффт
комиссия
назорат
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066935661_0:121:1280:841_1920x0_80_0_0_e002ede289ba10b21b21601640079bce.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон комиссияи нави назорати молиявии клубҳои футбол таъсис дода шуд.Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.Дар ин ҷаласа роҳбарияти федератсия вазифа ва самти фаъолияти комиссияро шарҳ дода, ба ҳозирин ҳайати комиссияро муаррифӣ намуданд.Комиссияи назорати молиявии клубҳо аллакай нақша тартиб дод, ки дар асоси он муҳосибони дастаҳо ҳисоботи молиявии дастаҳоро месупоранд.Инчунин дар ҷаласа масъалаи муҳим фаъолияти ҳуқуқии клубҳо бо бозигарони хориҷӣ гардид, чун замони охир ҳолатҳои баҳснок байни бошгоҳҳо ва футболбозони хориҷӣ, ки то сатҳи ФИФА бароварда мешаванд, зиёд шудааст.Ба роҳбарон ва ҳуқуқшиносони бошгоҳҳо тавсияҳои мушаххас барои пешгирии ҳолатҳои баҳсбарангез бо бозигарони хориҷӣ дода шуд.Роҳбарони бошгоҳҳо ҳисобот оид ба иҷрои дастуру супоришҳои бандҳои Протоколи мулоқоти президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 3 феврали соли 2025-ро пешниҳод намуданд.Дар ин замина муҳимияти баргузории мавсими дуюми озмуни “Беҳтарин мухлиси сол” матраҳ гардид.Ба роҳбарони фан-клубҳо тағйиру иловаҳо дар низомномаи озмун ва шартҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти фан-клубҳо фаҳмонида шуда, комиссияи назоратӣ интихоб гардид.Дар фарҷом баъзе масъалаҳои футболи бошгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20250208/fft-ruzi-jahonii-futbol-tojikiston-tajlil-1066151926.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066935661_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_b55058ef91ce68ec2fe072dfc44f8619.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, варзиш, футбол, ффт, комиссия, назорат, молиявӣ, клуб, таъсис
тоҷикистон, варзиш, футбол, ффт, комиссия, назорат, молиявӣ, клуб, таъсис
Дар ФФТ комиссияи нави назорати молиявии клубҳои футбол таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарони бошгоҳҳо ва сарони фан-клубҳои Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон комиссияи нави назорати молиявии клубҳои футбол таъсис дода шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин ҷаласа роҳбарияти федератсия вазифа ва самти фаъолияти комиссияро шарҳ дода, ба ҳозирин ҳайати комиссияро муаррифӣ намуданд.
Комиссияи назорати молиявии клубҳо аллакай нақша тартиб дод, ки дар асоси он муҳосибони дастаҳо ҳисоботи молиявии дастаҳоро месупоранд.
Инчунин дар ҷаласа масъалаи муҳим фаъолияти ҳуқуқии клубҳо бо бозигарони хориҷӣ гардид, чун замони охир ҳолатҳои баҳснок байни бошгоҳҳо ва футболбозони хориҷӣ, ки то сатҳи ФИФА бароварда мешаванд, зиёд шудааст.
Ба роҳбарон ва ҳуқуқшиносони бошгоҳҳо тавсияҳои мушаххас барои пешгирии ҳолатҳои баҳсбарангез бо бозигарони хориҷӣ дода шуд.
Роҳбарони бошгоҳҳо ҳисобот оид ба иҷрои дастуру супоришҳои бандҳои Протоколи мулоқоти президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз 3 феврали соли 2025-ро пешниҳод намуданд.
Дар ин замина муҳимияти баргузории мавсими дуюми озмуни “Беҳтарин мухлиси сол” матраҳ гардид.
Ба роҳбарони фан-клубҳо тағйиру иловаҳо дар низомномаи озмун ва шартҳои асосии баҳодиҳии фаъолияти фан-клубҳо фаҳмонида шуда, комиссияи назоратӣ интихоб гардид.
Дар фарҷом баъзе масъалаҳои футболи бошгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.