Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: Фурӯши Гренландия барои Киев як фоҷиа хоҳад буд

© REUTERS \ Mads Claus RasmussenДатский военно-морской корабль HDMS Vaedderen отплывает от берегов Нуука, Гренландия, 18 января 2026 года.
Датский военно-морской корабль HDMS Vaedderen отплывает от берегов Нуука, Гренландия, 18 января 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2026
Обуна шудан
Нашрияи “Guardian” менависад, ки фурӯши Гренландия ба ИМА барои Украина як сигнали фоҷиабор мефиристод.
ДУШАНБЕ, 19 янв - Sputnik. Рӯзномаи бритониёии “The Guardian” менависад, ки розӣ шудани хомӯшонаи Иттиҳодияи Аврупо ба фурӯши маҷбурии Гренландия ба Иёлоти Муттаҳида ба Киев сигнали фоҷеабор мефиристад.
"Ҳарчанд Гренландия соли 1985 аз Ҷомеаи Аврупо, ыойгузини ИА, баромад, розӣ шудан ба фурӯши маҷбурии қаламрави як кишвари узви ИА сигнали фоҷеабор дар бораи нақши ИА ҳамчун бозигари геополитикӣ ва ӯҳдадории он дар назди Украина хоҳад буд",- навиштааст наврия.
Рӯзнома қайд мекунад, ки хомӯшии аврупоиҳо ва кӯшишҳои ҳалли вазъият бо роҳи дипломатӣ, бе истифода аз чораҳои ҷиддӣ ва таҳримҳо, аз нокомии стратегияи хомушкунии президенти ИМА Доналд Трамп шаҳодат медиҳад.
Рӯзи шанбе Кохи Сафед эълон кард, ки дар моҳи феврал барои Дания, Норвегия, Шветсия, Фаронса, Олмон, Бритониё, Ҳоланд ва Финландия таруфаҳои 10%-ро ҷорӣ мекунад, ки дар моҳи июн то 25% афзоиш меёбад ва то бастани созишномаи хариди Гренландия аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида эътибор дорад.
Сейчас у ВСУ положение дел плачевное. Боец СВО про оборону под Красным Лиманом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Афсари нерӯҳои Русия дар бораи вазъияти артиши Украина дар Красний Лиман гуфт: Видео
Гренландия қисми Шоҳигарии Дания аст. Аммо, Трамп борҳо изҳор доштааст, ки ин ҷазира бояд қисми Иёлоти Муттаҳида шавад.
Мақомоти Дания ва Гренландия Вашингтонро аз тасарруфи ҷазира огоҳ карда, изҳор доштанд, ки онҳо интизоранд, ки тамомияти арзии онҳо эҳтиром карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0