https://sputnik.tj/20260119/tolibon-tahqiqot-hodisai-tirparroni-marz-tojikiston-1074643660.html
Толибон* таҳқиқоти ҳодисаи тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистонро оғоз карданд
Толибон* таҳқиқоти ҳодисаи тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистонро оғоз карданд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз кушта шудани чор нафар дар марзи Афғонистону Тоҷикистон, ҳукумати Толибон* эълон кард, ки тафтишоти ин ҳодисаро оғоз кардааст
2026-01-19T18:02+0500
2026-01-19T18:02+0500
2026-01-19T18:02+0500
кдам
толибон
афғонистон
марз
амният ва мудофиа
кобул
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/13/1074643340_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_aae80e224364c5a3eb894e2795730f50.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Кобул ба ҳеҷ гурӯҳ ё афрод иҷозаи анҷоми фаъолиятҳои машкук дар имтидоди марзи муштаракро нахоҳад дод, таъкид кард Забиаллоҳ Муҷоҳид сухангӯи ҳукумати Толибон* ахиран ба Тоҷикистон."Мо ин мавзуъро зери таҳқиқ дорем; аммо маълумоти аввалия ин аст, ки чанде аз қочоқчиён муқаррарӣ ҳастанд, шояд онҳо маводи мухаддир ё чизи дигареро, ки манъ карда шуда буд, интиқол медоданд. Онҳо бо ҳам муқовимат карданд ва ин масъала зери таҳқиқ қарор дорад. Аморати Исломӣ ба Тоҷикистон итминон медиҳад, ки ба сӯиистифодакунандагон дар марз роҳ намедиҳад. Нерӯҳои амниятии мо низ ин масъаларо таҳқиқ доранд ва аз ҳар касе, ки қасдҳои ғайриқонунӣ дошта бошад, ҷилавгирӣ мекунад", - гуфт оқои Муҷоҳид ба сомонаи “Салом Ватандор”.Қаблан Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миёни сарҳадбонони тоҷик ва террористон, ки талоши убури марзро доштанд, муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст."Чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми "Хирманҷо", Отряди сарҳадии "Ёл", воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳадро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд", - омадааст дар хабарнома.Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯии таъҷилӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Тоҷикистон муайян карда шуд."Террористон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар чор нафар террорист нобуд карда шуд", - омадааст дар гузориши КДАМ ҶТ.Бино ба иттилои КДАМ, аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаи автомат Калашников, 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 адад тирҳои АК ва таппонча, 3 адад телефони мобилӣ, 1 адад ратсия, 1 адад қаиқ мусодира карда шудааст.Вобаста ба ҳолати мазкур бо 179 (Терроризм), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250624/kdam-mavodi-mukhaddir-afghoniston-tojikiston-1068410734.html
толибон
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/13/1074643340_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_44782dbde47843e22f91293532a9441d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, марз, толибон, тафтишот, ҳодиса, толибон,
тоҷикистон, афғонистон, марз, толибон, тафтишот, ҳодиса, толибон,
Толибон* таҳқиқоти ҳодисаи тирпарронӣ дар марз бо Тоҷикистонро оғоз карданд
Пас аз кушта шудани чор нафар дар марзи Афғонистону Тоҷикистон, ҳукумати Толибон* эълон кард, ки тафтишоти ин ҳодисаро оғоз кардааст
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Кобул ба ҳеҷ гурӯҳ ё афрод иҷозаи анҷоми фаъолиятҳои машкук дар имтидоди марзи муштаракро нахоҳад дод, таъкид кард Забиаллоҳ Муҷоҳид сухангӯи ҳукумати Толибон* ахиран ба Тоҷикистон.
"Мо ин мавзуъро зери таҳқиқ дорем; аммо маълумоти аввалия ин аст, ки чанде аз қочоқчиён муқаррарӣ ҳастанд, шояд онҳо маводи мухаддир ё чизи дигареро, ки манъ карда шуда буд, интиқол медоданд. Онҳо бо ҳам муқовимат карданд ва ин масъала зери таҳқиқ қарор дорад. Аморати Исломӣ ба Тоҷикистон итминон медиҳад, ки ба сӯиистифодакунандагон дар марз роҳ намедиҳад. Нерӯҳои амниятии мо низ ин масъаларо таҳқиқ доранд ва аз ҳар касе, ки қасдҳои ғайриқонунӣ дошта бошад, ҷилавгирӣ мекунад", - гуфт оқои Муҷоҳид ба сомонаи “Салом Ватандор”.
Қаблан Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон миёни сарҳадбонони тоҷик ва террористон, ки талоши убури марзро доштанд, муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.
"Чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми "Хирманҷо", Отряди сарҳадии "Ёл", воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳадро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯии таъҷилӣ макони ҷойгиршавии террористон дар ҳудуди Тоҷикистон муайян карда шуд.
"Террористон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар чор нафар террорист нобуд карда шуд", - омадааст дар гузориши КДАМ ҶТ.
Бино ба иттилои КДАМ, аз ҷои ҳодиса 3 адад силоҳи оташфишони тамғаи автомат Калашников, 1 адад таппончаи истеҳсоли хориҷии навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 адад тирҳои АК ва таппонча, 3 адад телефони мобилӣ, 1 адад ратсия, 1 адад қаиқ мусодира карда шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур бо 179 (Терроризм), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад), 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.