https://sputnik.tj/20260119/safar-gardishgari-khoriji-tojikiston-1074637128.html
Сафари наздик ду милиион гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон
Сафари наздик ду милиион гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сафари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар шудааст. Имсол нисбат ба соли қабли шумори сайёҳоне, ки аз ҷумҳурӣ дидан кардаанд 19% афзудааст
2026-01-19T15:03+0500
2026-01-19T15:03+0500
2026-01-19T15:10+0500
дар тоҷикистон
гардишгарӣ
сайёҳӣ
хориҷӣ
ҷомеа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/42/1029084296_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_bcfd94711cae6c9bdc3af5ed5cce8cb2.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 2,1 млн. шаҳрванди хориҷӣ ворид гардидааст, иттилоъ додааст нашрияи “Паёми Душанбе” дар истинод ба маълумоти расмии оморӣ.Ба иттилои манбаъ, аз ин рақам беш аз 1,7 млн. нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024 19% зиёд аст.Тибқи арзёбии мутахассисон, тақрибан 60% (беш аз 1 млн.) нафари онҳо ба Душанбе ворид шуда, аз хизматрасониҳои пойтахт истифода карданд.Танҳо тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Душанбе 370 539 сайёҳ ба пойтахт омад, ки нисбат ба соли 2024 66,7% зиёд мебошад.Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии омори Тоҷикистон хабар дода буд, ки шумори шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ, ки вориди ҷумҳурӣ мешаванд 91,4% ташкил намудааст.Шумори шаҳрвандони зориҷие, ки аз кишварҳои дур ба Тоҷикистон меоянд чандон зиёд нест.Қайд карда шудааст, ки аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон ва Русия будаанд.Ҳамчунин аз Тоҷикистон сайёҳони Чин, Афғонистон, Эрон – 6,8, ИМА, Олмон, Туркия, Ҳиндустон, Италия, Ҷопон, Фаронса, Австралия ва Лаҳистон, Покистон, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея ва Канада боздид кардаанд.Бояд гуфт, ки соли 2024 беш аз 1,4 млн сайёҳ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.Аз ин шумора ҳудуди 1,2 млн нафар аз кишварҳои ИДМ ва ҳудуди 115 ҳазор нафари дигар аз кишварҳои хориҷи дур омадаанд.
https://sputnik.tj/20260116/iskandarkul-inshoot-zamonavi-sayyohi-1074554468.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102908/42/1029084296_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_6d992aa21e16ab1b3d00a579a036a0af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гардишгарӣ, сайёҳӣ, афзоиш, ҷомеъа
тоҷикистон, гардишгарӣ, сайёҳӣ, афзоиш, ҷомеъа
Сафари наздик ду милиион гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон
15:03 19.01.2026 (Навсозишуда: 15:10 19.01.2026) Сафари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар шудааст. Имсол нисбат ба соли қабли шумори сайёҳоне, ки аз ҷумҳурӣ дидан кардаанд 19% афзудааст
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Соли 2025 ба Тоҷикистон беш аз 2,1 млн. шаҳрванди хориҷӣ ворид гардидааст, иттилоъ додааст нашрияи “Паёми Душанбе” дар истинод ба маълумоти расмии оморӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз ин рақам беш аз 1,7 млн. нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024 19% зиёд аст.
Тибқи арзёбии мутахассисон, тақрибан 60% (беш аз 1 млн.) нафари онҳо ба Душанбе ворид шуда, аз хизматрасониҳои пойтахт истифода карданд.
Танҳо тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва Роҳи оҳани Душанбе 370 539 сайёҳ ба пойтахт омад, ки нисбат ба соли 2024 66,7% зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии омори Тоҷикистон хабар дода буд, ки шумори шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ, ки вориди ҷумҳурӣ мешаванд 91,4% ташкил намудааст.
Шумори шаҳрвандони зориҷие, ки аз кишварҳои дур ба Тоҷикистон меоянд чандон зиёд нест.
Қайд карда шудааст, ки аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон ва Русия будаанд.
Ҳамчунин аз Тоҷикистон сайёҳони Чин, Афғонистон, Эрон – 6,8, ИМА, Олмон, Туркия, Ҳиндустон, Италия, Ҷопон, Фаронса, Австралия ва Лаҳистон, Покистон, Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Корея ва Канада боздид кардаанд.
Бояд гуфт, ки соли 2024 беш аз 1,4 млн сайёҳ аз Тоҷикистон боздид кардаанд.
Аз ин шумора ҳудуди 1,2 млн нафар аз кишварҳои ИДМ ва ҳудуди 115 ҳазор нафари дигар аз кишварҳои хориҷи дур омадаанд.