https://sputnik.tj/20260118/davlatali-said-maqomdoron-nohiya-1074582109.html
Давлаталӣ Саид бо мақомдорони нави 7 ноҳия мулоқот кард: онҳо киҳоянд?
Давлаталӣ Саид бо мақомдорони нави 7 ноҳия мулоқот кард: онҳо киҳоянд?
Sputnik Тоҷикистон
Муовинони раисони ҳафт ноҳияи Хатлон дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон таъйин шудаанд
2026-01-18T10:32+0500
2026-01-18T10:32+0500
2026-01-18T10:32+0500
хатлон
тағйироти кадрӣ
давлаталӣ саид
раиси вилоят
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/14/1053651442_0:31:1080:639_1920x0_80_0_0_56a3948ae551fa4e342d3222d18f2634.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ҳафт ноҳия таъйингардида, мулоқот кард.Мақомдорони навоҳии Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Балҷувон ва Ёвон бо розигии президент ва пешниҳоди мақомоти вилояти Хатлон таъйин шудаанд. Хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон исми мақомдорони навро расонаӣ кард, инҳо:Манбаъ афзуда, ки кадрҳои нав аз ҳисоби мутахассисони "кордону варзида ва ҷавону ояндадор" таъин гардиданд.Давлаталӣ Саид зимни мулоқот дастур додааст, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, ҷиддитару бомасъулият ба кор муносибат намоянд.
https://sputnik.tj/20260116/vazorati-mudofia-taghyirot-kadri-1074569182.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/14/1053651442_94:0:986:669_1920x0_80_0_0_3ebb6d57ffa437002c69abc35ecd62fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, ном, мақомдорон, нав, вилоят, хатлон
эълон, ном, мақомдорон, нав, вилоят, хатлон
Давлаталӣ Саид бо мақомдорони нави 7 ноҳия мулоқот кард: онҳо киҳоянд?
Муовинони раисони ҳафт ноҳияи вилояти Хатлон дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон таъйин шудаанд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ҳафт ноҳия таъйингардида, мулоқот кард.
Мақомдорони навоҳии Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Балҷувон ва Ёвон бо розигии президент ва пешниҳоди мақомоти вилояти Хатлон таъйин шудаанд.
Хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон исми мақомдорони навро расонаӣ кард, инҳо:
Чиллазода Холаҳмади Қарахон - муовини якуми раиси шаҳри Левакант,
Хоҷазода Амиралӣ Хоҷа - муовини якуми раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ,
Шерализода Искандар Шералӣ - муовини якуми раиси ноҳияи Ҷайҳун,
Баротзода Шарифхон Маҳмадхон - муовини раиси шаҳри Левакант,
Маҷидзода Фотима Бухорӣ - муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,
Аҳлиддини Абдуҷалил - муовини раиси ноҳияи Шаҳритус,
Юсуфзода Изатулло Абдулло - муовини раиси ноҳияи Балҷувон,
Шарифзода Рустам Сангимурод - муовини раиси ноҳияи Ёвон.
Манбаъ афзуда, ки кадрҳои нав аз ҳисоби мутахассисони "кордону варзида ва ҷавону ояндадор" таъин гардиданд.
Давлаталӣ Саид зимни мулоқот дастур додааст, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, ҷиддитару бомасъулият ба кор муносибат намоянд.