Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Аз Вазорати мудофиа то Қушунҳои сарҳадӣ: Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои муҳим

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон произвел кадровые назначения
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон произвел кадровые назначения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2026
Обуна шудан
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президент кадрҳои таъйиншуда, кадрҳои ҷавону варзида ва дорои тахассуси олӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои муҳими қудратӣ як қатор тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президент гузориш додааст.
Ҳамин тавр, ба вазифаи:
муовини якуми сардори муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”-и Вазорати мудофиа,
вазифаҳои роҳбарӣ дар дастгоҳи марказии Вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар,
Қушунҳои сарҳадӣ,
Гвардияи миллӣ,
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии сохторҳои қудратии мазкур кадрҳои ҷавону варзида, дорои тахассуси олӣ ва далеру ватандӯст таъин гардиданд.
Ҳамчунин, ба вазифаи комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Вахш, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Шаҳристон кадрҳои таҷрибадори ин соҳа таъин карда шуданд.
Раҳмон зимни суханронӣ ва суҳбат ҳолати омодагии артиш, воҳидҳои низомӣ ва сохторҳои дигари номбурдаро дар робита ба авзои минтақа ва ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди ҳар яке аз ин ниҳодҳои низомӣ ва ҳифзу таъмини сулҳу оромӣ вазифаҳои муайян гузоштааст.
Тағйироти кадрӣ дар  ВКД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2026
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Полковник ноиби вазир шуду генерал сардори милиса: Ҷузъиёти тағйироти кадрӣ дар ВКД
Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳифзи сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна сарҳадшиканӣ, бахусус сарҳадшикании мусаллаҳона ва қочоқи аслиҳаю маводи мухаддир дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0