https://sputnik.tj/20260116/ima-safir-tojikiston-ivaz-1074555250.html
ИМА сафири худро дар Тоҷикистон иваз мекунад: ҷузъиёт
ИМА сафири худро дар Тоҷикистон иваз мекунад: ҷузъиёт
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи ИМА Мануэл Микаллер, ки тобистони соли 2022 ба ин вазифа пешниҳод шуда буд, рисолати дипломатии худро дар кишвар ба анҷом мерасонад
2026-01-16T09:31+0500
2026-01-16T09:31+0500
2026-01-16T09:31+0500
дар тоҷикистон
има
сиёсат
сафир
иваз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0f/1074550184_0:123:1248:825_1920x0_80_0_0_23dd2bb0ce87025141b0a819f0e6ece5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, ки сафири худро дар Тоҷикистон иваз кунад.Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод. Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Мануэл Микаллерро ба муносибати анҷоми рисолати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.Микаллер аз моҳи феврали соли 2023 дар Душанбе ҳамчун сафир кор кардааст. Ӯро президенти собиқи ИМА Ҷо Байден дар моҳи декабри соли 2022 ба ин вазифа таъин карда буд.Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар моҳи феврали соли 1992 барқарор шудаанд. Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамкории онҳо бар асоси 35 ҳуҷҷат, ки 22-тои онҳо созишномаҳои байниҳукуматӣ мебошанд, сурат мегирад. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, гардиши тиҷорати байни ду кишвар дар соли гузашта тақрибан 97,5 млн долларро ташкил дод. Ин рақам аз ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар ҳамин давраи соли 2024 1,6% камтар аст.
https://sputnik.tj/20260105/safir-rusiya-afzoishi-tijorat-rusiya-tojikiston-1074361597.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0f/1074550184_97:0:1197:825_1920x0_80_0_0_e0c87dcec725b74d974e8179a6e8cb2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, сафир, тоҷикистон, иваз
има, сафир, тоҷикистон, иваз
ИМА сафири худро дар Тоҷикистон иваз мекунад: ҷузъиёт
Намояндаи ИМА Мануэл Микаллер, ки тобистони соли 2022 ба ин вазифа пешниҳод шуда буд, рисолати дипломатии худро дар кишвар ба анҷом мерасонад
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, ки сафири худро дар Тоҷикистон иваз кунад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Мануэл Микаллерро ба муносибати анҷоми рисолати дипломатиаш ба ҳузур пазируфт.
"Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида, инчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор карданд", - омадааст дар хабарнома.
Микаллер аз моҳи феврали соли 2023 дар Душанбе ҳамчун сафир кор кардааст. Ӯро президенти собиқи ИМА Ҷо Байден дар моҳи декабри соли 2022 ба ин вазифа таъин карда буд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар моҳи феврали соли 1992 барқарор шудаанд.
Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамкории онҳо бар асоси 35 ҳуҷҷат, ки 22-тои онҳо созишномаҳои байниҳукуматӣ мебошанд, сурат мегирад.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, гардиши тиҷорати байни ду кишвар дар соли гузашта тақрибан 97,5 млн долларро ташкил дод. Ин рақам аз ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар ҳамин давраи соли 2024 1,6% камтар аст.