Ғизои сабз: Дар Панҷакент хӯроки чорво бо истифода аз панелҳои офтобӣ омода мешавад

© Foto / Хадамоти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент1 дн. ·Истифодаи панелҳои офтобӣ барои ғизои чорво дар Панҷакент
Истифодаи панелҳои офтобӣ барои ғизои чорво дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2025
Обуна шудан
Дар шаҳри Панҷакент чорво дар фасли зимистон алафи тозаи сабз мехӯрад
ДУШАНБЕ, 4 дек - Sputnik. Сокини деҳаи Деваштичи деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент Шоҳрух Бобоев барои чорвои худ, бо истифода аз панелҳои офтобӣ алаф парвариш мекунад.
Ӯ дар фермаи шахсиаш парвариши гӯсфандро ба роҳ мондааст ва дар оғози фасли зимистон ба онҳо хуроки сабз медиҳад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри панҷакент гузориш додааст.
Ахиран аз ин ферма раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода боздид кардааст.
Зимнм боздид гуфта шудааст, феълан ин ҷо беш аз сад сар гӯсфанд, ки аксараш зоти ҳисорӣ аст, парвариш карда мешавад.
"Ба таҷрибаи соҳибкор, ки бо насби панели барқи офтобӣ бо иқтидори 16 киловатт барои парвариши хуроки сабз гармхона бунёд намудааст, баҳои баланд дода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Дар гармхона дони ҷав ва дигар зироати донагиро тибқи технологияи махсус сабзонида, баъдан ба гӯсфандон медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки пештар раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат дастур дод, ки дар манзилҳои сокинони кишвар панелҳои офтобӣ насб карда шавад.
Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2025
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои омӯхтани масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳо
Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомотро вазифадор намуд, ки барои амалигардонии Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030, чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷааш ҳар сол маълумот манзур намоянд.
Лентаи хабарҳо
0