Раиси вилояти Суғд аз ширкати Талко Голд” хост истеҳсолотро афзоиш диҳанд

© Foto / Министерство промышленности и новых технологий Республики ТаджикистанЗавод "ТАЛКО Голд" в Таджикистане
Завод ТАЛКО Голд в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2026
Обуна шудан
Мақомоти Суғд қайд кардааст, ки “Талко Голд” аз ҷумлаи корхонаҳо маҳсуб мешавад, ки дар чор соли фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст
ДУШАНБЕ, 14 янв - Sputnik. Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода дар мулоқот бо роҳбарияти ширкати “Талко Голд” супориш дод, ки корхона бояд фаъолона дар корҳои ободониву созандагии ноҳияи Айнӣ иштирок намоянд.
Вай таъкид кард, ки “Талко Голд” аз ҷумлаи корхонаҳое маҳсуб мешавад, ки тайи чор сол дар фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Таъкид гардид, ки пешрафти соҳаи саноат ба рушди иқтисодиёти ноҳияи Айнӣ, фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Масъулини корхона иброз доштанд, ки бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ният доранд саҳми худро дар рушди соҳаи саноат бештар намуда, нишондиҳандаҳои истеҳсолиро марҳила ба марҳила афзун созанд.
Рабочая встреча Торгпредства России в Таджикистане и ОАО Таджикской алюминиевой компании   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2025
ТАЛКО ҳамкориҳояшро бо Русия тақвият мебахшад
Раиси вилоят аз корхона талаб кард, ки дар соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 2 миллиард сомонӣ расонанд ва саҳми худро дар корҳои ободониву созандагӣ боз ҳам бештар намояд.
Масъулини “Талко Голд” дар ин дидор омодагии худро ҷиҳати саҳмгузории фаъолона дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат баён доштанд.
Лентаи хабарҳо
0