Тоҷикистон беш аз 4,2 млрд сомонӣ барои пардохти қарзи берунӣ масраф хоҳад кард

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли 2026, беш аз 4,2 миллиард сомонӣ маблағ равона мекунад
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Дар соли 2026 барои хизматрасонии қарзи беруна 4292,2 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, омадааст дар қонуни буҷа барои соли 2026.
Дар ин бора дар тавзеҳоти буҷаи соли 2026, ки аз сӯйи вазорати молия нашр гардидааст, гуфта шудаат.
Дар ин санад таъкид шудааст, ки барои пардохти қарзи асосӣ 3336,2 млн сомонӣ (нисбат ба соли 2025 ба маблағи 331,2 млн сомонӣ зиёд) ва фоизи истифодабарии қарз 955,9 млн сомонӣ (нисбат ба соли 2025 ба маблағи 15,9 млн сомонӣ кам) равона мегардад.
Қайд гардидааст, ки ҳаҷми маблағи пешбинишуда нисбат ба соли 2025 дар ҳаҷми 315,3 млн сомонӣ ва ё 7,9 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон пардохти қарзи асосии берунаи давлатӣ дар ҳаҷми 1754,7 млн сомонӣ аз ҳисоби корхонаҳои давлатӣ, ки барои рушди онҳо таҳти кафолати давлатӣ маблағҳои қарзӣ ҷалб гардидаанд, ба нақша гирифта шудааст.
Печатный станок печатает 100-долларовые купюры. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2025
Қоҳиши бесобиқаи қарзи берунаи Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон сабаби зиёд гардидани маблағи хизматрасонии қарзи берунаро ба аз худ намудани қарзҳои ҷалбнамуда аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ба итмом расидани муҳлати имтиёзнок ва оғози пардохти қарзи асосӣ, асосан пардохти қарзи асосии евробондҳо, инчунин фарқияти дурнамои қурби асъори миллӣ нисбат ба доллар рабт медиҳад.
Мақомот дар соли 2026 барои бардошти захиравии қарзи беруна барои идоракунии хавфи фарқияти қурби асъор ва хавфи пардохт нагардидани қарзҳо, ки бо кафолати Ҳукумати кишвар ҷалбгардидаанд 46,7 млн сомонӣ пешбинӣ намудааст.
Лентаи хабарҳо
0