https://sputnik.tj/20250214/qohishi-besobiqai-qarzi-berunai-tojikiston-1066232069.html
Қоҳиши бесобиқаи қарзи берунаи Тоҷикистон
Қоҳиши бесобиқаи қарзи берунаи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон дар аввали соли равон қарзи берунаи кишвар 3,6 миллиардро ташкил дод, ки баробар ба 25,2% ММД-и кишвар баробар аст
2025-02-14T14:21+0500
2025-02-14T14:21+0500
2025-02-14T15:46+0500
дар тоҷикистон
қарзҳо
хориҷӣ
молия
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0e/1066230297_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_8a84400abb8cd3cd20964a0ecb3a007d.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли 2025 ба 3 миллиарду 600 миллион доллар расид.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.Ба гуфтаи вай, таносуби қарзи давлатӣ ба 25,2% ММД-и кишвар расид, ки дар 15 соли охир пасттарин сатҳ мебошад.Вазир қайд кард, ки беш аз 3,2 миллиард доллар (89%) аз ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ ва беш аз 382 миллион доллар ба қарзи дохилӣ рост меояд.Вай таъкид кард, ки соли гузашта барои хизматрасонии қарзи хориҷӣ 299,2 миллион доллар, аз ҷумла 204,3 миллион доллар қарзи асосӣ ва 94,9 миллион доллар барои фоизҳо масраф шудааст.Қарздиҳандаи аслӣ ба ҷумҳурӣ давлати Чин боқӣ мемонад, ки Тоҷикистон аз он ҳудуди 1 миллиард доллар қарздор аст.Дар назди Бонки Ҷаҳонӣ (370 миллион доллар), Бонки Осиёии Рушд (260 миллион доллар), Бонки Исломии Рушд (212 миллион доллар) ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (167 миллион доллар) қарзҳои нисбатан калон мавҷуданд.Ҳамчунин қарзи асосӣ аз рӯи евробондҳо (500 миллион доллар) боқӣ мондааст, ки соли 2017 барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷалб шуда буд.Бояд гуфт, ки дар будҷаи давлатии соли 2025 барои пардохти қарзи давлатӣ дар соли ҷорӣ 4 миллиарду 156 миллион сомонӣ (380 миллион доллар) пешбинӣ шудааст.Ҳудуди 3 миллиарду 977 миллион сомонӣ (382 миллион доллар) барои хидматрасонии қарзи хориҷӣ (3 миллиарду 5 миллион сомонӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва 972 миллион сомонӣ барои фоизҳо) равона хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20250214/maqomot-panj-shirkat-andoz-qarzdor-1066230553.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0e/1066230297_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_4ebebff70bef99b2f25027f81f8d2fc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қарз, беруна, хориҷӣ, коҳиш, иқтисод, молия, ммд
тоҷикистон, қарз, беруна, хориҷӣ, коҳиш, иқтисод, молия, ммд
Қоҳиши бесобиқаи қарзи берунаи Тоҷикистон
14:21 14.02.2025 (Навсозишуда: 15:46 14.02.2025) Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон дар аввали соли равон қарзи берунаи кишвар 3,6 миллиардро ташкил дод, ки баробар ба 25,2% ММД-и кишвар баробар аст
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли 2025 ба 3 миллиарду 600 миллион доллар расид.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.
Ба гуфтаи вай, таносуби қарзи давлатӣ ба 25,2% ММД-и кишвар расид, ки дар 15 соли охир пасттарин сатҳ мебошад.
Вазир қайд кард, ки беш аз 3,2 миллиард доллар (89%) аз ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ ва беш аз 382 миллион доллар ба қарзи дохилӣ рост меояд.
Вай таъкид кард, ки соли гузашта барои хизматрасонии қарзи хориҷӣ 299,2 миллион доллар, аз ҷумла 204,3 миллион доллар қарзи асосӣ ва 94,9 миллион доллар барои фоизҳо масраф шудааст.
Қарздиҳандаи аслӣ ба ҷумҳурӣ давлати Чин боқӣ мемонад, ки Тоҷикистон аз он ҳудуди 1 миллиард доллар қарздор аст.
Дар назди Бонки Ҷаҳонӣ (370 миллион доллар), Бонки Осиёии Рушд (260 миллион доллар), Бонки Исломии Рушд (212 миллион доллар) ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (167 миллион доллар) қарзҳои нисбатан калон мавҷуданд.
Ҳамчунин қарзи асосӣ аз рӯи евробондҳо (500 миллион доллар) боқӣ мондааст, ки соли 2017 барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҷалб шуда буд.
Бояд гуфт, ки дар будҷаи давлатии соли 2025 барои пардохти қарзи давлатӣ дар соли ҷорӣ 4 миллиарду 156 миллион сомонӣ (380 миллион доллар) пешбинӣ шудааст.
Ҳудуди 3 миллиарду 977 миллион сомонӣ (382 миллион доллар) барои хидматрасонии қарзи хориҷӣ (3 миллиарду 5 миллион сомонӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва 972 миллион сомонӣ барои фоизҳо) равона хоҳад шуд.