https://sputnik.tj/20260113/tojikiston-istifodai-gidroftorkarbon-kohish-1074482739.html
Тоҷикистон истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70% коҳиш медиҳад
Тоҷикистон истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70% коҳиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти кишвар коҳиши истифодаи гидрофторкарбонҳо нақши муҳим дар талошҳои ҷаҳонии мубориза бо тағйирёбии иқлим дорад
2026-01-13T12:09+0500
2026-01-13T12:09+0500
2026-01-13T12:09+0500
дар тоҷикистон
смм
муҳити зист
имзои созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0d/1074481922_513:167:2009:1009_1920x0_80_0_0_8149537faa0bfd8e11f29a36f889c510.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе созишномаи татбиқи лоиҳаи "Барномаи интегратсионӣ барои коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо ва хунуккунии устувор дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Фонди глобалӣ экологӣ маблағгузори мешавад, байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), ба имзо расид.“Лоиҳаи мазкур ба дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии иқлимӣ дар доираи Ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреалӣ, аз ҷумла коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо (ГФУ) то 70 фоиз то соли 2029, равона гардидааст”, - таъкид кардааст Кумитаи ҳифзи муҳити зист.Зикр гардидааст, ки гидрофторкарбонҳо аз ҷумлаи газҳои пуриқтидори гулхонаӣ буда, асосан дар низомҳои хунуккунӣ ва кондитсионерӣ истифода мешаванд.Мақомот коҳиши онҳо нақши муҳим дар талошҳои ҷаҳонии мубориза бо тағйирёбии иқлим медонад.Қайд карда шудааст, ки татбиқи лоиҳа ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рушди технологияҳои "сабз" ва таҳкими устувории иқлимии кишвар мусоидат хоҳад кард.Кумита таъкид кардааст, ки ин ташаббус ба авлавиятҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мутобиқат дошта, дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.
https://sputnik.tj/20250917/iftitohi-bino-kumitai-hifzi-muhiti-zist-dushanbe-rahmon-1071263795.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0d/1074481922_587:127:2009:1194_1920x0_80_0_0_3f649f8812ef8f89999ff4b9fcc8916c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳити зист, созишнома, смм, газҳои гулхонаӣ, коҳиш
тоҷикистон, муҳити зист, созишнома, смм, газҳои гулхонаӣ, коҳиш
Тоҷикистон истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70% коҳиш медиҳад
Ба гуфтаи мақомоти кишвар коҳиши истифодаи гидрофторкарбонҳо нақши муҳим дар талошҳои ҷаҳонии мубориза бо тағйирёбии иқлим дорад
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе созишномаи татбиқи лоиҳаи "Барномаи интегратсионӣ барои коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо ва хунуккунии устувор дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Фонди глобалӣ экологӣ маблағгузори мешавад, байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), ба имзо расид.
“Лоиҳаи мазкур ба дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии иқлимӣ дар доираи Ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреалӣ, аз ҷумла коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо (ГФУ) то 70 фоиз то соли 2029, равона гардидааст”, - таъкид кардааст Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Зикр гардидааст, ки гидрофторкарбонҳо аз ҷумлаи газҳои пуриқтидори гулхонаӣ буда, асосан дар низомҳои хунуккунӣ ва кондитсионерӣ истифода мешаванд.
Мақомот коҳиши онҳо нақши муҳим дар талошҳои ҷаҳонии мубориза бо тағйирёбии иқлим медонад.
Қайд карда шудааст, ки татбиқи лоиҳа ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, рушди технологияҳои "сабз" ва таҳкими устувории иқлимии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Кумита таъкид кардааст, ки ин ташаббус ба авлавиятҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мутобиқат дошта, дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.