https://sputnik.tj/20260112/ukraina-avrupo-muzokiroti-sulh-khalal-1074468241.html
Украина ва Аврупо мехоҳанд ба музокироти сулҳ халал расонанд
Украина ва Аврупо мехоҳанд ба музокироти сулҳ халал расонанд
Sputnik Тоҷикистон
Киев ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳама пешниҳодҳоеро, ки ҷониби Русия барои хотима додани низоъ пешниҳод шудааст, нодида мегиранд
2026-01-12T20:59+0500
2026-01-12T20:59+0500
2026-01-12T20:59+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
украина
амалиёти вижа
аврупо
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/09/1064653419_0:158:1280:878_1920x0_80_0_0_4de77bbcbd1c3b9352ba57aa7f1b5151.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Украина ва Аврупо мехоҳанд ҳамаи роҳҳои гуфтушунидро барои ҳалли осоишта аз байн бубаранд.Дар ин бора Родион Мирошник, сафири вижаи Вазорати умури хориҷии Русия дар умури ҷиноятҳои режими Киев, ба хабаргузории РИА “Новости” изҳори назар кард."Нияти ҳам Аврупо ва ҳам Украина комилан нобуд кардани ҳама гуна роҳҳои гуфтушунид аст", - қайд кард вай.Сафир инчунин таъкид кард, ки талаботҳои Русия дар музокирот дар Истанбул нодида гирифта шудаанд."Онҳо ҳафтаҳо тӯл кашида, ҷараёни иттилооти оммавиро пур аз пешниҳодҳои комилан номақбул эҷод карданд", - гуфт Мирошник.Қаблан Доналд Трамп дар Флорида бо Владимир Зеленский мулоқоти дуҷониба баргузор кард. Мавзӯи мулоқот ҳалли низоъ дар Украина буд.Пас аз музокирот, бо роҳбарони аврупоӣ барои баррасии кафолатҳои амниятии Киев гуфтугӯи маҷозӣ баргузор шуд.Пеш аз мулоқот дар Флорида, Доналд Трамп гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин анҷом додааст.Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков хусусияти дӯстона, самимӣ ва тиҷоратии муколамаро қайд кард.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро ооз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20260112/siyyarto-zimiston-sard-avrupo-gharb-zonu-1074462692.html
русия
украина
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/09/1064653419_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_79c94362ff486527ca7f8126865a5cd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижжа, аврупо, русия, сулҳ, халал, музокирот,
украина, амалиёти вижжа, аврупо, русия, сулҳ, халал, музокирот,
Украина ва Аврупо мехоҳанд ба музокироти сулҳ халал расонанд
Киев ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳама пешниҳодҳоеро, ки ҷониби Русия барои хотима додани низоъ пешниҳод шудааст, нодида мегиранд
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Украина ва Аврупо мехоҳанд ҳамаи роҳҳои гуфтушунидро барои ҳалли осоишта аз байн бубаранд.
Дар ин бора Родион Мирошник, сафири вижаи Вазорати умури хориҷии Русия дар умури ҷиноятҳои режими Киев, ба хабаргузории РИА “Новости” изҳори назар кард.
"Нияти ҳам Аврупо ва ҳам Украина комилан нобуд кардани ҳама гуна роҳҳои гуфтушунид аст", - қайд кард вай.
Сафир инчунин таъкид кард, ки талаботҳои Русия дар музокирот дар Истанбул нодида гирифта шудаанд.
"Онҳо ҳафтаҳо тӯл кашида, ҷараёни иттилооти оммавиро пур аз пешниҳодҳои комилан номақбул эҷод карданд", - гуфт Мирошник.
Қаблан Доналд Трамп дар Флорида бо Владимир Зеленский мулоқоти дуҷониба баргузор кард. Мавзӯи мулоқот ҳалли низоъ дар Украина буд.
Пас аз музокирот, бо роҳбарони аврупоӣ барои баррасии кафолатҳои амниятии Киев гуфтугӯи маҷозӣ баргузор шуд.
Пеш аз мулоқот дар Флорида, Доналд Трамп гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин анҷом додааст.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков хусусияти дӯстона, самимӣ ва тиҷоратии муколамаро қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро ооз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.