https://sputnik.tj/20260112/siyyarto-zimiston-sard-avrupo-gharb-zonu-1074462692.html
Сийярто: Зимистони сард Аврупои Ғарбиро ба зону шинонд
Сийярто: Зимистони сард Аврупои Ғарбиро ба зону шинонд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Маҷористон Ахиран гуфт, ки зимистони сарди ғайричашмдошт Аврупои Ғарбиро ба зону шинондааст
2026-01-12T17:31+0500
2026-01-12T17:31+0500
2026-01-12T17:31+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
маҷористон
ҷанг
аврупо
украина
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/09/1073665385_0:202:2925:1847_1920x0_80_0_0_96a92ac0a91386a3f54437c183c250f0.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв— Sputnik. Вазири умури хориҷии Маҷористон Петер Сийярто гуфт, ки ҳавои сарди зимистони ғайричашмдошт кишварҳои Аврупои Ғарбиро ба зону шинонд, аммо Маҷористон аз фурӯпошӣ пешгирӣ кардааст."Маҷористон сарфи назар аз ин шароити ғайриоддии обу ҳаво, ки қисми зиёди Аврупои Ғарбиро ба зону шинонд, фаъолияти худро идома медиҳад. Роҳи оҳан, фурудгоҳҳо баста нашуданд ва системаҳои тандурустӣ ва маориф кор мекарданд", - гуфт Сийярто дар барномаи "Час Правда" (Соати ҳақиқат).Оқои Сиярто ҳамчунин гуфт, ки бо баррасии эҳтимолияти ҷойгиркунии нерӯҳои аврупоӣ дар Украина, Фаронса ва Бритониё дар асл ба таври пинҳонӣ ба Русия ҷанг эълон кардаанд."Ду қудрати ҳастаии аврупоӣ, Фаронса ва Бритониё, ҷанг эълон кардаанд. Албатта, изҳороти онҳо хеле маккорона ва бо забони дипломатӣ ифодаёфта, ки онҳо ба Украина сарбозон мефиристанд, маънои онро надорад, ки онҳо воқеан ҷангро оғоз мекунанд", - гуфт Сийярто.Вай афзуд, ки қарори ҳукуматҳои Бритониё ва Фаронса "дар асл хатари ҷиддии низои мустақим байни НАТО ва Русияро дорад ва агар дар байни НАТО ва Русия як бархӯрди мустақим рух диҳад, ин маънои Ҷанги Ҷаҳонии Сеюмро хоҳад дошт".Вазир инчунин таъкид кард, ки Маҷористон бояд аз низоъ канорагирӣ кунад ва ба Аврупо иҷозат надиҳад, ки онро ба он кашад.
https://sputnik.tj/20260111/fitso-naqshaho-parizhu-london-neruho-ukraina-ighvo-1074443830.html
аврупо
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/09/1073665385_98:0:2829:2048_1920x0_80_0_0_fc1d8acf2f65b7a693a26c5c1ddfd89a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, аврупо, зону, зимистон, ҷанг, маҷористон
русия, украина, амалиёти вижа, аврупо, зону, зимистон, ҷанг, маҷористон
Сийярто: Зимистони сард Аврупои Ғарбиро ба зону шинонд
Вазири умури хориҷаи Маҷористон Ахиран гуфт, ки зимистони сарди ғайричашмдошт Аврупои Ғарбиро ба зону шинондааст
ДУШАНБЕ, 12 янв— Sputnik. Вазири умури хориҷии Маҷористон Петер Сийярто гуфт, ки ҳавои сарди зимистони ғайричашмдошт кишварҳои Аврупои Ғарбиро ба зону шинонд, аммо Маҷористон аз фурӯпошӣ пешгирӣ кардааст.
"Маҷористон сарфи назар аз ин шароити ғайриоддии обу ҳаво, ки қисми зиёди Аврупои Ғарбиро ба зону шинонд, фаъолияти худро идома медиҳад. Роҳи оҳан, фурудгоҳҳо баста нашуданд ва системаҳои тандурустӣ ва маориф кор мекарданд", - гуфт Сийярто дар барномаи "Час Правда" (Соати ҳақиқат).
Оқои Сиярто ҳамчунин гуфт, ки бо баррасии эҳтимолияти ҷойгиркунии нерӯҳои аврупоӣ дар Украина, Фаронса ва Бритониё дар асл ба таври пинҳонӣ ба Русия ҷанг эълон кардаанд.
"Ду қудрати ҳастаии аврупоӣ, Фаронса ва Бритониё, ҷанг эълон кардаанд. Албатта, изҳороти онҳо хеле маккорона ва бо забони дипломатӣ ифодаёфта, ки онҳо ба Украина сарбозон мефиристанд, маънои онро надорад, ки онҳо воқеан ҷангро оғоз мекунанд", - гуфт Сийярто.
Вай афзуд, ки қарори ҳукуматҳои Бритониё ва Фаронса "дар асл хатари ҷиддии низои мустақим байни НАТО ва Русияро дорад ва агар дар байни НАТО ва Русия як бархӯрди мустақим рух диҳад, ин маънои Ҷанги Ҷаҳонии Сеюмро хоҳад дошт".
Вазир инчунин таъкид кард, ки Маҷористон бояд аз низоъ канорагирӣ кунад ва ба Аврупо иҷозат надиҳад, ки онро ба он кашад.