https://sputnik.tj/20260112/taqvimi-musalmoni-1074461975.html
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2026
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2026
Sputnik Тоҷикистон
Идҳои асосии мусалмонон дар соли равон ба моҳҳои марту июн рост омада, оғози моҳи шарифи Рамазон аз 19 феврал дар назар аст
2026-01-12T16:31+0500
2026-01-12T16:31+0500
2026-01-12T16:31+0500
тасвирбаён
мусулмонон
ислом
ид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/10/1061299676_0:0:1332:749_1920x0_80_0_0_2abb971087ecab378af284b97eeb006b.jpg
Моҳи январ, феврал мусалмонони ҷаҳон шаби меъроҷ ва шаби баротро таҷлил мекунанд.Меъроҷ, ки ба маънои нардбон аст, шаби 15 ба 16 январ таҷлил мешавад. Мусалмонон дар ин сана рафтани Муҳаммади пайғамбар (с) ба осмон ва мулоқӣ шудани ӯ бо Худованд, ки шаби 27-уми моҳи раҷаби соли қамарӣ воқеъ гардидааст, ҷашн мегиранд.Идҳои асосии мусалмонон соли равон ба моҳҳои март ва май рост меоянд. Оғози моҳи шарифи Рамазон аз 19 феврал дар назар буда, таҷлили иди Фитр интизор меравад, ки ба 30 март рост ояд.Рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд. Рӯзҳои ҷашнӣ аз ҷумла Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои уламои кишвар анҷом медиҳад.Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид рӯзҳои таҷлили Рамазону Қурбон дар ҷумҳурӣ расман таътил мебошанд.Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда, ид се рӯз идома меёбад.Ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирини тоҷик арзонтар шудИдҳои исломӣ бар асоси солшумории мусалмонӣ таъйин мешаванд, ки аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст.Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) бо машварати ӯ ва иҷмои саҳоба ҷорӣ мегардад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/10/1061299676_181:0:1180:749_1920x0_80_0_0_d0f12b422962ec3a94850269c3086bab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоыикистон, тацвим, мусалмонь, ислом, ид, мощи рамазон, март
тоыикистон, тацвим, мусалмонь, ислом, ид, мощи рамазон, март
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2026
Идҳои асосии мусалмонон дар соли равон ба моҳҳои марту июн рост омада, оғози моҳи шарифи Рамазон аз 19 феврал дар назар аст
Моҳи январ, феврал мусалмонони ҷаҳон шаби меъроҷ ва шаби баротро таҷлил мекунанд.
Меъроҷ, ки ба маънои нардбон аст, шаби 15 ба 16 январ таҷлил мешавад. Мусалмонон дар ин сана рафтани Муҳаммади пайғамбар (с) ба осмон ва мулоқӣ шудани ӯ бо Худованд, ки шаби 27-уми моҳи раҷаби соли қамарӣ воқеъ гардидааст, ҷашн мегиранд.
Идҳои асосии мусалмонон соли равон ба моҳҳои март ва май рост меоянд. Оғози моҳи шарифи Рамазон аз 19 феврал дар назар буда, таҷлили иди Фитр интизор меравад, ки ба 30 март рост ояд.
Рӯзҳои ид ҳарсол иваз мешаванд. Рӯзҳои ҷашнӣ аз ҷумла Идҳои Қурбон ва Рамазон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин муайян карда мешаванд. Дар Тоҷикистон ин корро Шӯрои уламои кишвар анҷом медиҳад.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид рӯзҳои таҷлили Рамазону Қурбон дар ҷумҳурӣ расман таътил мебошанд.
Иди Қурбон (ид-ал-Адха) – яке аз ду иди асосии мусалмонон аст. Онро дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда, ид се рӯз идома меёбад.
Идҳои исломӣ бар асоси солшумории мусалмонӣ таъйин мешаванд, ки аз замони ҳиҷрати Расули акрам (с) аз Макка ба Мадина оғоз шудааст.
Ин солшуморӣ дар замони хилофати ҳазрати Умар (р) бо машварати ӯ ва иҷмои саҳоба ҷорӣ мегардад.