https://sputnik.tj/20260112/haj-farzi-zoirin-tojik-arzontar-1074453810.html
Ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирини тоҷик арзонтар шуд
Ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирини тоҷик арзонтар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик каме арзонтар шудааст 12.01.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-01-12T11:47+0500
2026-01-12T11:47+0500
2026-01-12T13:33+0500
дар тоҷикистон
ҳаҷ
зиёрати хонаи худо
кумитаи дин
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067017452_0:92:3071:1819_1920x0_80_0_0_d13317132198592f4ec9790e70aad447.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв— Sputnik. Арзиши "Ҳаҷ-2026" барои ҳар зоири тоҷик арзонтар шудааст.Қимати Ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирини тоҷик имсол 53 ҳазор сомонӣ муқарар шуд, гуфт Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба @Sputnik_Tajikistan. Ин нисбат ба соли гузашта 3800 сомонӣ арзонтар аст. Маврид ба зикр аст, ки арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷҷи соли гузашта 56 ҳазору 800 сомониро ташкил медод.Таъкид шуд, ки маблағи сафари тавассути “Ориёнбонк” бо роҳи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад. Оқои Афшин ҳамзамон афзуд, ки Кумита аз ҳоло озмун барои дарёфти роҳбаладонро низ оғоз кардааст.Қаблан ин ниҳод гуфта буд, ки маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхона дар Маккау Мадина, таъмини хӯроки севақта, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ сарф хоҳад шуд.Ҳамчунин таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо низ аз ин маблағ хоҳад буд.Кумитаи дин аз шаҳрвандон даъват кардааст ба эълонҳои ширкатҳое, ки гӯё ба Ҳаҷҷи фарзӣ мефиристанд бовар накунанд. Ба иттилои Кумита, ин ширкатҳо чунин салоҳиятро надоранд. "Сафарбар намудани довталабон барои адои ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳои мусулмоннишин амалӣ карда мешавад".
https://sputnik.tj/20240622/oyo-hangomi-haj-favtidan-savob-dorad-1063295775.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067017452_73:0:2802:2047_1920x0_80_0_0_6d8c3d55a37ac71ab58a758fb3b001f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳаҷ, зиёрати хонаи худо, кумитаи дин, дин ва оин
дар тоҷикистон, ҳаҷ, зиёрати хонаи худо, кумитаи дин, дин ва оин
Ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирини тоҷик арзонтар шуд
11:47 12.01.2026 (Навсозишуда: 13:33 12.01.2026) Эксклюзив
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ нархи ҳаҷ барои зоирони тоҷик каме арзонтар шудааст
ДУШАНБЕ, 12 янв— Sputnik. Арзиши "Ҳаҷ-2026" барои ҳар зоири тоҷик арзонтар шудааст.
Қимати Ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирини тоҷик имсол 53 ҳазор сомонӣ муқарар шуд, гуфт Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба @Sputnik_Tajikistan.
Ин нисбат ба соли гузашта 3800 сомонӣ арзонтар аст. Маврид ба зикр аст, ки арзиши хизматрасониҳо барои мавсими ҳаҷҷи соли гузашта 56 ҳазору 800 сомониро ташкил медод.
Таъкид шуд, ки маблағи сафари тавассути “Ориёнбонк” бо роҳи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.
“Қабули ҳуҷҷатҳо барои Ҳаҷҷ-2026 ба итмом расидааст. Соли ҷорӣ бар асоси талаботи Арабистони Саудӣ қабули ҳуҷҷатҳо дар кишварҳо барвақттар сар шуд”,- гуфт сухангӯи ин ниҳод.
Оқои Афшин ҳамзамон афзуд, ки Кумита аз ҳоло озмун барои дарёфти роҳбаладонро низ оғоз кардааст.
Қаблан ин ниҳод гуфта буд, ки маблағи мазкур барои харидории билети ҳавопаймо, иҷораи меҳмонхона дар Маккау Мадина, таъмини хӯроки севақта, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, пардохти маблағи қурбонӣ сарф хоҳад шуд.
Ҳамчунин таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо низ аз ин маблағ хоҳад буд.
Кумитаи дин аз шаҳрвандон даъват кардааст ба эълонҳои ширкатҳое, ки гӯё ба Ҳаҷҷи фарзӣ мефиристанд бовар накунанд. Ба иттилои Кумита, ин ширкатҳо чунин салоҳиятро надоранд. "Сафарбар намудани довталабон барои адои ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳои мусулмоннишин амалӣ карда мешавад".