https://sputnik.tj/20260112/rahmon-kadrho-tayin-taghyirot-sokhtorho-surat-1074456325.html
Раҳмон кадрҳои нав таъйин кард: Тағйирот дар кадом сохторҳо сурат гирифт
Раҳмон кадрҳои нав таъйин кард: Тағйирот дар кадом сохторҳо сурат гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
2026-01-12T12:32+0500
2026-01-12T12:32+0500
2026-01-12T12:32+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
тағйироти кадрӣ
кадр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0c/1074454417_0:0:2048:1152_1920x0_80_0_0_33fb3bed6c4a4728645dbd5d71492531.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв - Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар сохтори додгоҳӣ, маориф ва вазорати хориҷа тағйироти кадрӣ анҷом дод.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистонфармон дар бораи бозхонди Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин ва Ғуломзода Сафарбек аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон ба имзо расонд.Дар ҳамин ҳол, кишвардори Тоҷикистон Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек, Сафарзода Маҳинабону, Раҳмонзода Икром ба вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон ва Нурализода Одил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод кард.Гуфта шудааст, ки пешниҳодҳои раҳбари Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Тоҷикистон манзур гардиданд.Ҳамчунин бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон раисони суди ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Мурғоб, Шаҳристон, Вахш, Рашт, Ховалинг, Норак, Рӯдакӣ таъин карда шуданд.Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар сатҳи муовинони раисони мақомоти судӣ, судяҳои судҳо ва судҳои иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом ёфт.Ба иттилои манбаъ, инчунитн бо қарорҳои Ҳукумати кишвар се нафар аз ҳисоби кадрҳои корозмуда ва дорои таҷрибаи кофӣ дар соҳаи дипломатия ба вазифаҳои муовинони вазири корҳои хориҷӣ таъин гардиданд.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон муовини якум ва муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Директори муассисаи давлатии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар таъин кард.Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мақомдорони нав онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ва бо виҷдони пок ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони кишвар, назорати беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муаррифии шоистаи таърих ва фарҳангу ҳунар дар арсаи ҷаҳонӣ даъват кард.
https://sputnik.tj/20260110/juziyoti-taghyiroti-kadri-vkd-tojikiston-1074429872.html
https://sputnik.tj/20240718/rahmon-sudya-marzbonro-zad-sud-komilan-rond-1063584973.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/0c/1074454417_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_e9efca1ea4cab9e6ccef7a56f7c68c79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тағйироти кадрӣ, таъйин, сохтор, иқтисод, суди олӣ, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, тағйироти кадрӣ, таъйин, сохтор, иқтисод, суди олӣ, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон кадрҳои нав таъйин кард: Тағйирот дар кадом сохторҳо сурат гирифт
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 12 янв - Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар сохтори додгоҳӣ, маориф ва вазорати хориҷа тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистонфармон дар бораи бозхонди Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин ва Ғуломзода Сафарбек аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон ба имзо расонд.
Дар ҳамин ҳол, кишвардори Тоҷикистон Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин, Ғуломзода Сафарбек, Сафарзода Маҳинабону, Раҳмонзода Икром ба вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон ва Нурализода Одил ба вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод кард.
Гуфта шудааст, ки пешниҳодҳои раҳбари Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлисии Олии Тоҷикистон манзур гардиданд.
Ҳамчунин бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон раисони суди ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Мурғоб, Шаҳристон, Вахш, Рашт, Ховалинг, Норак, Рӯдакӣ таъин карда шуданд.
Тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар сатҳи муовинони раисони мақомоти судӣ, судяҳои судҳо ва судҳои иқтисодии вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар анҷом ёфт.
Ба иттилои манбаъ, инчунитн бо қарорҳои Ҳукумати кишвар се нафар аз ҳисоби кадрҳои корозмуда ва дорои таҷрибаи кофӣ дар соҳаи дипломатия ба вазифаҳои муовинони вазири корҳои хориҷӣ таъин гардиданд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон муовини якум ва муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон, муовини якум ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Директори муассисаи давлатии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар таъин кард.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мақомдорони нав онҳоро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ва бо виҷдони пок ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони кишвар, назорати беҳсозии сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муаррифии шоистаи таърих ва фарҳангу ҳунар дар арсаи ҷаҳонӣ даъват кард.