Раҳмон судяе, ки марзбонро зад аз мақомоти судӣ комилан ронд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон произвел кадровые назначения
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон произвел кадровые назначения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо як фармонаш Зоҳир Муминзода, раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлонро аз мақомаш барканор кард
ДУШАНБЕ, 18июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои тозатаъйин аз "рафтори ношоиста ва ғайриоинномавӣ"-и раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёд кардаст.
Кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ рафтори ношоиста ва ғайриоинномавӣ раво дидааст, “на танҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад”.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми июл сарбозони марзбон ҳангоми ворид шудани Зоҳир Муминзода ба маркази ноҳия мошини ӯро тафтиш мекунанд ва аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳаш санадҳояшро барои шиносӣ пешниҳод кунад.
Раиси додгоҳ баҳс мекунад ва аз мошин поён шуда, Фирӯз Атовуллоев, сарбози Нерӯҳои марзбониро мушт мезанад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон произвел кадровые назначения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2024
Раҳмон тағйироти кадрӣ анҷом дод: Киҳо вазифаи нав гирифтанд
Ба иттилои шоҳидон, раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо як ҳамроҳаш ба посгоҳ меояд ва ҳуҷҷати худашро нишон медиҳад. Вақте сарбоз аз ҳамроҳи раиси суд ҳуҷҷат мепурсад, ӯ ҳуҷҷаташро нишон намедиҳад ва раиси суд аз мошин фаромада, сарбозро ду-се мушт мезанад. Сарбоз ҷароҳат мебардорад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рафтори Зоҳир Муминзодаро таҳқиқ дорад. Додситонии низомӣ дар минтақаи Кӯлоб шоҳидон ва сарбозе, ки иддао мешавад, латукӯб шудааст, ба бозпурсӣ даъват кардааст.
Додрасҳо дар Тоҷикистон аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд ва то замоне, ки онҳо аз ҷониби президент барканор нашаванд ва порлумон ризоият надиҳад, боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ғайримумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0