Кумита дин аз ҷазо барои ҳаҷҷи ғайриқонунӣ гуфт

© AP / Khalil HamraПаломники на Хадже. архивное фото
Паломники на Хадже. архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Кумитаи дин гуфт, нафароне, ки барои маросими адои ҳаҷ иҷоза надоранд, метавонанд ба муҳлати аз 2 то 6 моҳ ҳукми зиндон гиранд ва то 50 ҳазор риёл ҷарима шаванд
ДУШАНБЕ, 12 янв - Sputnik. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо ҳушдор дод, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ аз Тоҷикистон ба ҳаҷ нараванд.
Ин ниҳод таъкид намудааст, ки ин амал дар пай ҷаримаи ҳангуфт, депорт ва ҳатто маҳрумият аз озодӣ дорад.
"Тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима ба андозаи $13 300, ҳабс ба муддати шаш моҳ ва депорт ба муддати 10 сол таҳдид мекунад", - хабар доданд аз Кумита ба Sputnik Тоҷикистон.
Манбаъ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост танҳо тариқи ширкатҳои ватанӣ ба ҳаҷ раванд ва набояд ба таблиғи бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода шаванд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи дин хабар дод, ки нархи Ҳаҷ- 2026 барои зоирини тоҷик арзонтар шудааст.
Паломники совершают обход вокруг Каабы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2025
Ҳушдори Кумитаи дин: Бе гирифтани иҷозатномаи расмӣ сафар ба ҳаҷ ҷаримаҳои сангин дорад
Ба иттилои Кумита арзиши Ҳаҷҷи фарзӣ барои зоирини тоҷик имсол 53 ҳазор сомонӣ муқарар шудааст.
Ин нисбат ба соли гузашта 3800 сомонӣ арзонтар аст.
Таъкид шуд, ки маблағи сафари тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.
Кумитаи Дин ҳамзамон гуфт, ки Кумита аз ҳоло озмун барои дарёфти роҳбаладонро низ оғоз кардааст.
Лентаи хабарҳо
0