https://sputnik.tj/20260111/isroil-mohi-mart-qasdi-hamlai-nav-ba-ghazzaro-dorad---vao-1074438243.html
Исроил моҳи март қасди ҳамлаи нав ба Ғаззаро дорад - ВАО
Исроил моҳи март қасди ҳамлаи нав ба Ғаззаро дорад - ВАО
Sputnik Тоҷикистон
Исроил бе тасдиқ ва дастгирии ИМА наметавонад ин амалиётро оғоз кунад, гуфтааст як дипломати араб ба нашрия 11.01.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-01-11T11:48+0500
2026-01-11T11:48+0500
2026-01-11T12:06+0500
навори ғазза
исроил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/12/1064762186_0:57:2201:1295_1920x0_80_0_0_7da50773959c998399a19678f5debf98.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Исроил дар моҳи март дар Навори Ғазза ҳамлаи наверо ба нақша гирифтааст, хабар медиҳад, рӯзномаи Times of Israel бо истинод ба манбаъҳояш.Ба гуфтаи ин манбаъҳо, артиши Исроил ҳамла ба шаҳри Ғаззаро ба нақша гирифтааст, то "Хати зард"-и оташбасро ба тарави ғарб, ба самти соҳил ва васеъ кардани қаламрави таҳти назорати худ пеш барад.Як дипломат аз як кишвари арабӣ, ки номаш зикр нашудааст, ба рӯзномаи The Times of Israel гуфта, ки Исроил бе тасдиқ ва дастгирии ИМА наметавонад ин амалиётро оғоз кунад.Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон то ҳол кӯшиш мекунад, ки оташбаси нозукеро, ки дар моҳи октябри соли 2025 дар Ғазза муқаррар шуда буд, нигоҳ дорад ва ба марҳилаи дуюми нақшаи сулҳ барои анклав, ки халъи силоҳи ҷангиёни ҳаракати фаластинии Ҳамосро дар бар мегирад, гузарад.Дар айни замон, дипломат қайд кард, ки сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, дар ҳоле ки бо Вашингтон дар нигоҳ доштани оташбас ҳамкорӣ мекунад, то ҳол ба муваффақият дар халъи силоҳи Ҳамос бовар надорад ва аз ин рӯ ба артиш дастур додааст, ки нақшаҳои эҳтиётӣ таҳия кунанд.9 октябри соли 2025, Исроил ва Ҳамос бо миёнҷигарии Миср, Қатар, ИМА ва Туркия ба мувофиқа расиданд, ки марҳилаи аввали нақшаи сулҳро, ки аз ҷониби президенти ИМА Доналд Трамп пешниҳод шуда буд, амалӣ кунанд. Рӯзи дигар, оташбас дар минтақаи Ғазза эътибор пайдо кард.Мувофиқи созишнома, нерӯҳои исроилӣ ба хатти зард ақибнишинӣ карданд ва назорати беш аз 50% қаламрави анклавро нигоҳ доштанд. Марҳилаи дуюми созишнома хуруҷи нерӯҳои Исроил аз ин анклав, ҷойгир кардани нерӯҳои байналмилалии ва оғози кор аз ҷониби сохторҳо барои идоракунии ин минтақаро дар назар дорад.
https://sputnik.tj/20251230/jahon-noorom-7-nizo-musallahona-sol-2025-1074267073.html
навори ғазза
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/12/1064762186_0:0:1937:1452_1920x0_80_0_0_0e6be8845e37d9f411dda0569b68c6f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навори ғазза, исроил
Исроил моҳи март қасди ҳамлаи нав ба Ғаззаро дорад - ВАО
11:48 11.01.2026 (Навсозишуда: 12:06 11.01.2026) Исроил бе тасдиқ ва дастгирии ИМА наметавонад ин амалиётро оғоз кунад, гуфтааст як дипломати араб ба нашрия
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Исроил дар моҳи март дар Навори Ғазза ҳамлаи наверо ба нақша гирифтааст, хабар медиҳад, рӯзномаи Times of Israel бо истинод ба манбаъҳояш.
"Нерӯҳои Исроил нақшаҳоеро барои анҷом додани амалиёти низомии нав ва шадид дар Ғазза дар моҳи март таҳия кардааст", - менависад рӯзнома.
Ба гуфтаи ин манбаъҳо, артиши Исроил ҳамла ба шаҳри Ғаззаро ба нақша гирифтааст, то "Хати зард"-и оташбасро ба тарави ғарб, ба самти соҳил ва васеъ кардани қаламрави таҳти назорати худ пеш барад.
Як дипломат аз як кишвари арабӣ, ки номаш зикр нашудааст, ба рӯзномаи The Times of Israel гуфта, ки Исроил бе тасдиқ ва дастгирии ИМА наметавонад ин амалиётро оғоз кунад.
Ба гуфтаи ӯ, Вашингтон то ҳол кӯшиш мекунад, ки оташбаси нозукеро, ки дар моҳи октябри соли 2025 дар Ғазза муқаррар шуда буд, нигоҳ дорад ва ба марҳилаи дуюми нақшаи сулҳ барои анклав, ки халъи силоҳи ҷангиёни ҳаракати фаластинии Ҳамосро дар бар мегирад, гузарад.
Дар айни замон, дипломат қайд кард, ки сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, дар ҳоле ки бо Вашингтон дар нигоҳ доштани оташбас ҳамкорӣ мекунад, то ҳол ба муваффақият дар халъи силоҳи Ҳамос бовар надорад ва аз ин рӯ ба артиш дастур додааст, ки нақшаҳои эҳтиётӣ таҳия кунанд.
9 октябри соли 2025, Исроил ва Ҳамос бо миёнҷигарии Миср, Қатар, ИМА ва Туркия ба мувофиқа расиданд, ки марҳилаи аввали нақшаи сулҳро, ки аз ҷониби президенти ИМА Доналд Трамп пешниҳод шуда буд, амалӣ кунанд. Рӯзи дигар, оташбас дар минтақаи Ғазза эътибор пайдо кард.
Мувофиқи созишнома, нерӯҳои исроилӣ ба хатти зард ақибнишинӣ карданд ва назорати беш аз 50% қаламрави анклавро нигоҳ доштанд. Марҳилаи дуюми созишнома хуруҷи нерӯҳои Исроил аз ин анклав, ҷойгир кардани нерӯҳои байналмилалии ва оғози кор аз ҷониби сохторҳо барои идоракунии ин минтақаро дар назар дорад.