Болоравии нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон расмат тасдиқ шуд: ки чиқадар месупорад?

© Sputnik / Петр Чернов / Гузариш ба медиабонкЛампа накаливания и энергосберегающая лампочка.
Лампа накаливания и энергосберегающая лампочка. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2026
Обуна шудан
Тарофаҳои нави нерӯи барқ дар Тоҷикистон, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ахиран тасдиқ кардааст, аз 1 феврали соли равон мавриди амал қарор мегиранд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Қимати истифодаи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ 6 дирам гарон шуд.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки ахиран тасвиб шудааст, нархномаҳои нав аз 1-уми феврали соли ҷорӣ амалӣ мешаванд.
То кунун аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯ 35,36 дирам пардохт мекарданд, аммо минбаъд сар аз моҳи оянда 41,37 дирам хоҳанд дод.
Ҳамзамон қувваи барқ барои барои корхонаҳои саноатӣ ва ғайрисаноатӣ дар нархномаҳои нав ба ҷойи 80,90 минбаъд 94,65 дирам, корхонаҳои буҷетӣ - 41,37, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон ба ҷойи12,27 14,36 дирам ва дар тирамоҳу зимистон бар ивази 35,36 дирам 41,37 муқаррар кардааст.
Ҳамзамон нархнома барои чоҳҳои амудӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ 14,36, барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ ва хатти ташноб 19,67 дирам муқаррар шудааст.
Қимтаи истифодаи барқ барои "Комбинати металургии Тоҷикистон" дар баҳору тобистон 24,30, барои ТАЛКО 24,30, барои ҶСК "Азот" ва КВД “Шаҳри ҳушманд” 41,37 ва барои корхонаҳои нассоҷии коркарди пахта 47,33 дирам таъйин шудааст.
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2025
Раҳмон: Идораи барқ пули аҳоли мегирифтанду мардумро боз қарздор мекарданд
Дар фармон таъкид шудааст, ки тарифҳо, ба истиснои аҳолӣ, ҶСК "ТАЛКО", ҶСК "Азот" ва насосҳои қубурҳои об ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, коргоҳҳои таъмирию истеҳсолии Агентии беҳдошти замин, чоҳҳои амудии мелиоративӣ ва насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва хатти ташноб бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда муқаррар карда шудаанд.
Муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, хонаҳои бачагона, хона - парваришгоҳ, хонаҳои пиронсолон, муассисаҳои соҳаи фарҳангӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва муассисаҳои дигаре, ки фаъолияти тиҷоратӣ надоранд, вале аз ҳисоби маблағҳои фондҳои башардӯстона ва ё буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо тарифи барои муассисаҳои соҳаи буҷетӣ муқарраргардида ҳисоб карда мешаванд.
Барои нуқтаҳои нерудиҳии воситаҳои нақлиёти барқӣ, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ мансубият доранд, 94, 65 дирам муқаррар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0