https://sputnik.tj/20251220/tojikstandart-mahsuloti-ghayristandarti-nobud-1073983669.html
“Тоҷикстандарт” 380 тонна маҳсулоти ғайристандартиро нобуд кард
“Тоҷикстандарт” 380 тонна маҳсулоти ғайристандартиро нобуд кард
Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷикстандарт” аз сокинон даъват кардааст, ки аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоянд
2025-12-20T19:29+0500
2025-12-20T19:29+0500
2025-12-20T19:29+0500
дар тоҷикистон
ғайристандартӣ
тоҷикстандарт
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032782450_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_3850870b76e5b97cd0f64285e3ed3bd6.jpg
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Агентии "Тоҷикстандарт" аз аввали соли 2025 то инҷониб зиёда аз 380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд кардаастДар ин бора дафтари матбуоти Агентии "Тоҷикстандарт" хабар доданд.Ба иттилои манбаъ, ин маҳсулоти нобудшуда маҳсулоти хӯроквории қаннодӣ, иловагиҳои ғизоӣ, обҳои ташнагишикан, хурмо, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ мебошанд, ки барои нобуд кардан аз ҷониби соҳибкорон ба агентӣ супорида шудаанд.Ҳамчунин маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз қабили маҳсулоти сохтмонӣ, хокаҳои сохтмонӣ, ранг ва ғайраҳо нобуд карда шуд.Агентӣ қайд кардааст, ки ҳадафи ин амал назорат ва ҳимояи бозори истеъмолӣ, яъне пешгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, инчунин дарёфт ва аз муомилот гирифтани молу маводи пастсифат ва зараррасоне аст, ки ба ҳаёти одамон зарар дорад.Қайд карда шудааст, ки кормандони нозироти савдои Агентии "Тоҷикстандарт" дар оянда раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотиро густариш хоҳанд дод.Аз истеъмолкунандагон ва шаҳрвандон даъват карда шудааст, ки аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоянд ва ҳангоми поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон ба Агентии "Тоҷикстандарт" муроҷиат кунанд.
https://sputnik.tj/20220204/mavodi-ghizoii-ghayristandarti-tojikstandart-1045488591.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032782450_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_205ba4380928f9a6677f6a74110fb758.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикстандарт, маҳсулот, ғайристандартӣ, нобуд, масулоти пастсифат
тоҷикстандарт, маҳсулот, ғайристандартӣ, нобуд, масулоти пастсифат
“Тоҷикстандарт” 380 тонна маҳсулоти ғайристандартиро нобуд кард
“Тоҷикстандарт” аз сокинон даъват кардааст, ки аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Агентии "Тоҷикстандарт" аз аввали соли 2025 то инҷониб зиёда аз 380 тонна молу маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ нобуд кардааст
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии "Тоҷикстандарт" хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин маҳсулоти нобудшуда маҳсулоти хӯроквории қаннодӣ, иловагиҳои ғизоӣ, обҳои ташнагишикан, хурмо, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ мебошанд, ки барои нобуд кардан аз ҷониби соҳибкорон ба агентӣ супорида шудаанд.
Ҳамчунин маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ, аз қабили маҳсулоти сохтмонӣ, хокаҳои сохтмонӣ, ранг ва ғайраҳо нобуд карда шуд.
Агентӣ қайд кардааст, ки ҳадафи ин амал назорат ва ҳимояи бозори истеъмолӣ, яъне пешгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, инчунин дарёфт ва аз муомилот гирифтани молу маводи пастсифат ва зараррасоне аст, ки ба ҳаёти одамон зарар дорад.
Қайд карда шудааст, ки кормандони нозироти савдои Агентии "Тоҷикстандарт" дар оянда раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳотиро густариш хоҳанд дод.
Аз истеъмолкунандагон ва шаҳрвандон даъват карда шудааст, ки аз харидории маҳсулоти шубҳанок худдорӣ намоянд ва ҳангоми поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолиашон ба Агентии "Тоҷикстандарт" муроҷиат кунанд.