Лебедев: Ҳамгироии низомӣ дар ИДМ дар ҳама самтҳо рушд дорад

© Foto / Исполнительный комитет СНГГенеральный секретарь исполнительного комитета СНГ Сергей Лебедев
Генеральный секретарь исполнительного комитета СНГ Сергей Лебедев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2026
Обуна шудан
Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев дар бораи рушди ҳамгироии низомӣ дар дохили Иттиҳод изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ҳамгироии низомӣ дар дохили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ҳама самтҳои калидӣ рушд хоҳад кард.
"Равандҳои ҳамгироии низомӣ дар ҳама самтҳои калидӣ - аз банақшагирӣ то гузаронидани амалиётҳои мушаххаси ҷангӣ ҳангоми машқҳо, чорабиниҳои муштараки амалиётӣ ва тамринии ҷангӣ, машқҳои ҳамаҷониба ва ҷаласаҳои омӯзишӣ тақвият меёбанд", - гуфт вай.
Дабири кулл қайд кард, ки ҳадафҳои асосии ҳамкории низомӣ байни кишварҳои ИДМ дар давраи миёнамӯҳлат ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнок мебошанд, ки ба тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ ва рушди бехатари Иттиҳод мусоидат мекунанд.
Вид Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2026
Бо иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ чӣ мешавад: пешгӯии БАОР
"Консепсияи ҳамкории низомӣ то соли 2030 такмили сифатан беҳтар кардани механизмҳои эҷод ва рушди системаҳои муштараки (якҷояи) низомиро талаб мекунад. Бахусус, таъмини рушди системаи ягонаи дифоъи ҳавоӣ, системаи муштараки алоқа, системаи ягонаи мониторинг ва арзёбии вазъияти вазъи радиатсионӣва ғайра ба нақша нақша гирифта шудааст", - гуфт Сергей Лебедев.
Дабири кулли ИДМ таъкид кард, ки ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки кишварҳои Иттиҳод ба таҳкими нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ ва рушди бехатари ин созмони байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0