Бо иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ чӣ мешавад: пешгӯии БАОР

Вид Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2026
Обуна шудан
Бонк дурнамои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ-ро барои се соли оянда расонаи кард
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Бонки АвруОсиёии Рушди (БАОР) рушди иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро пешгӯӣ кардааст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, кишварҳои минтақаи АвруОсиё дар даҳсолаи охир баландтарин суръати афзоишро нишон медиҳанд.
Масалан, Тоҷикистон афзоиши динамикии ММД-ро дар сатҳи 8,1% нигоҳ медорад – яке аз баландтарин суръатҳо дар минтақа. Сармоягузориҳои бузург, аз металлургия то инфрасохтор, омили асосии ин раванд хоҳанд буд.
Инчунин таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки то охири соли 2026 таваррум дар кишвар то 4,5% афзоиш ёфта, дар доираи ҳадафи 5±2% боқӣ хоҳад монд.
© SputnikПешгӯии иқтисодии кишварҳои БАОР барои соли 2026
Пешгӯии иқтисодии кишварҳои БАОР барои соли 2026 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2026
Пешгӯии иқтисодии кишварҳои БАОР барои соли 2026
Мутахассисони БАОР инчунин қурби асъори Тоҷикистонро барои соли 2026 пешгӯӣ карданд: интизор меравад, ки арзиши он тақрибан 9,8 сомонӣ барои як доллар хоҳад буд.
Дар Узбекистон, ба гуфтаи бонк, иқтисодиёт ба таври назаррас рушд хоҳад кард ва ММД ба 6,8% мерасад. Сармоягузорӣ қувваи пешбаранда боқӣ хоҳад монд: кишвар лоиҳаҳои бузургро аз нерӯгоҳҳои атомӣ ва офтобӣ то марказҳои додаҳо амалӣ мекунад.
Дар Беларус, мувофиқи пешгӯии БАОР, ММД 1,8% афзоиш хоҳад ёфт. Рушд аз ҷониби чораҳои сармоягузории ҳукумат, инчунин рушди бахши IT ва афзоиши даромади хонаводаҳо ҳавасманд карда мешавад.
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2026
Пешгӯии сустшавии афзоиши ММД дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви БАОР
Дар ҳоҳи ҳозир, иқтисоди Қазоқистон низ 5,5% рушд хоҳад кард. Ин аз ҳисоби кушода шудани имкониятҳо дар бахши ғайри ашёи хом ба амал хоҳад омад. Ғайр аз ин, зиёда аз 100 лоиҳа дар бахшҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои бонк, Қирғизистон аз рӯи суръати афзоиш дар минтақа пешсаф боқӣ хоҳад монд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 9,3% афзоиш хоҳад ёфт. Ин афзоиш тавассути сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва таъминоти об ба даст оварда мешавад. Дар кишвар инчунин сохтмон ва фаъолияти истеъмолии қавӣ мушоҳида мешавад.
Дар Русия, ба гуфтаи таҳлилгарони БАОР, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 1,4% афзоиш хоҳад ёфт. Қайд карда мешавад, ки афзоиши даромади хонаводаҳо ба афзоиши минбаъдаи истеъмол мусоидат мекунад, дар ҳоле ки коҳиши меъёри асосӣ роҳро барои барқароршавии қарздиҳӣ ва сармоягузорӣ ҳамвор мекунад.
Лентаи хабарҳо
0