https://sputnik.tj/20260108/vukh-rusiya-nizomiyoni-khoriji-ukraina-hadaf-artish-1074402746.html
ВУХ Русия: Низомиёни хориҷӣ дар Украина ҳадафҳои қонунӣ артиш хоҳанд шуд
ВУХ Русия: Низомиёни хориҷӣ дар Украина ҳадафҳои қонунӣ артиш хоҳанд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки иншоотҳои низомии воқеъ дар Украина ҳадафҳои қонунии артиши Русия хоҳанд буд
2026-01-08T17:26+0500
2026-01-08T17:26+0500
2026-01-08T17:26+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар тоҷикистон
артиши русия
ҳадаф
украина
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073112415_0:0:3232:1819_1920x0_80_0_0_f363fda6a2fe1e840bef80b06734bec5.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки воҳидҳо ва иншооти низомии ғарбӣ, ки дар Украина ҷойгир хоҳунд шуд, ҳадафҳои қонунии артиши Русия ҳисобида мешаванд."Ҳамаи чунин воҳидҳо ва иншоотҳо ҳадафҳои қонунии ҷангии Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ҳисобида мешаванд. Ин ҳушдорҳо борҳо дар сатҳи олӣ садо додаанд ва то ҳол аҳамияти худро нигоҳ медоранд", - гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар сомонии расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шудааст.Мария Захарова, гуфт, ки Маскав ҳузури нерӯҳои Ғарбро дар Украина ҳамчун дахолат тасниф мекунад."Ҷойгиркунии воҳидҳои низомӣ, иншооти низомӣ, анборҳо ва дигар инфрасохтори кишварҳои Ғарб дар қаламрави Украина ҳамчун дахолати хориҷӣ тасниф карда мешавад, ки таҳдиди мустақим ба амнияти на танҳо Русия, балки дигар кишварҳои аврупоӣ низ хоҳад буд. Ҳамаи чунин воҳидҳо ва иншоот ҳадафҳои қонунии ҷангӣ ҳисобида мешаванд", - гуфт ӯ.Хонум Захарова таъкид кард, ки нақшаи Ғарб барои минбаъд низоми кардани Украина аз ҳалли низоъ бо роҳи осоишта дур аст; ҳадафи он афзоиш ва густариши низоъ мебошад."Ин ҳуҷҷат аз ҳалли осоишта хеле дур аст. Он на барои ноил шудан ба сулҳу амнияти пойдор, балки барои идомаи низомӣ кардан, шиддат ва густариши низоъ нигаронида шудааст. Унсури асосии он ҷойгиркунии як навъ "нерӯҳои хориҷӣ” дар қаламрави Украина аст, ки аъзои "эътилоф" барои мусоидат ба "барқарорсозии" артиши Украина ва таъмини "маҳдудияти" Русия пас аз қатъи амалиёти ҷангӣ ташкил хоҳанд кард", - гуфта мешавад дар изҳороти намояндаи расмии ВУХ-и Русия.
https://sputnik.tj/20260108/holo-lahzai-munosib-ast-ima-nogahon-az-parokandashudani-ukraina-meguyand-1074400074.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073112415_36:0:2767:2048_1920x0_80_0_0_6372047f8463b1caca20695f5a4861c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, нерӯҳои хориҷӣ, ҳадаф, артиши русия
русия, украина, амалиёти вижа, нерӯҳои хориҷӣ, ҳадаф, артиши русия
ВУХ Русия: Низомиёни хориҷӣ дар Украина ҳадафҳои қонунӣ артиш хоҳанд шуд
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки иншоотҳои низомии воқеъ дар Украина ҳадафҳои қонунии артиши Русия хоҳанд буд
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки воҳидҳо ва иншооти низомии ғарбӣ, ки дар Украина ҷойгир хоҳунд шуд, ҳадафҳои қонунии артиши Русия ҳисобида мешаванд.
"Ҳамаи чунин воҳидҳо ва иншоотҳо ҳадафҳои қонунии ҷангии Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ҳисобида мешаванд. Ин ҳушдорҳо борҳо дар сатҳи олӣ садо додаанд ва то ҳол аҳамияти худро нигоҳ медоранд", - гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар сомонии расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шудааст.
Мария Захарова, гуфт, ки Маскав ҳузури нерӯҳои Ғарбро дар Украина ҳамчун дахолат тасниф мекунад.
"Ҷойгиркунии воҳидҳои низомӣ, иншооти низомӣ, анборҳо ва дигар инфрасохтори кишварҳои Ғарб дар қаламрави Украина ҳамчун дахолати хориҷӣ тасниф карда мешавад, ки таҳдиди мустақим ба амнияти на танҳо Русия, балки дигар кишварҳои аврупоӣ низ хоҳад буд. Ҳамаи чунин воҳидҳо ва иншоот ҳадафҳои қонунии ҷангӣ ҳисобида мешаванд", - гуфт ӯ.
Хонум Захарова таъкид кард, ки нақшаи Ғарб барои минбаъд низоми кардани Украина аз ҳалли низоъ бо роҳи осоишта дур аст; ҳадафи он афзоиш ва густариши низоъ мебошад.
"Ин ҳуҷҷат аз ҳалли осоишта хеле дур аст. Он на барои ноил шудан ба сулҳу амнияти пойдор, балки барои идомаи низомӣ кардан, шиддат ва густариши низоъ нигаронида шудааст. Унсури асосии он ҷойгиркунии як навъ "нерӯҳои хориҷӣ” дар қаламрави Украина аст, ки аъзои "эътилоф" барои мусоидат ба "барқарорсозии" артиши Украина ва таъмини "маҳдудияти" Русия пас аз қатъи амалиёти ҷангӣ ташкил хоҳанд кард", - гуфта мешавад дар изҳороти намояндаи расмии ВУХ-и Русия.