https://sputnik.tj/20260108/holo-lahzai-munosib-ast-ima-nogahon-az-parokandashudani-ukraina-meguyand-1074400074.html
"Ҳоло лаҳзаи муносиб аст": ИМА ногаҳон аз парокандашудани Украина мегӯянд
"Ҳоло лаҳзаи муносиб аст": ИМА ногаҳон аз парокандашудани Украина мегӯянд
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ афсари артиши Амрико полковник Макгрегор гуфт, ки ҷаласаи Аврупо дар умури Украина бештар ба маросими дафн монанд буд
2026-01-08T15:22+0500
2026-01-08T15:22+0500
2026-01-08T15:22+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
аврупо
има
украина
амалиёти вижа
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/06/1064225113_0:0:3027:1702_1920x0_80_0_0_5140dbbe27f2c2de372ed403a0803c4f.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Мушовири собиқи Пентагон Дуглас Макгрегор дар мусоҳиба бо Рейчел Блевинс дар канали YouTube-и худ гуфт, ки кӯшишҳои Аврупои вобаста муҳокимаи чӣ гуна наҷот додани Украинаи дар ҳоли нобудшавӣ бемаънӣ ва масхараомез ба назар мерасанд."Мо дар замоне қарор дорем, ки низоми кӯҳна фурӯпошӣ мекунад. НАТО фурӯпошӣ мекунад. Украина фурӯпошӣ мекунад. Агар шумо дар бораи Украина ҷаласае баргузор кунед, ин мисли рафтан ба маросими дафн аст ва ҷасад дар рӯи миз хобидааст. Ва одамон мепурсанд: "Мо бояд чӣ кор кунем?". "Хуб, шумо пойро гиред. Ман дастро мегирам. Мо воқеан ба ин узвҳои бадан ниёз дорем." Бо Украина вазъият чунин аст. Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли нобудшавӣ аст, он аз ҳам пошида мешавад", -гуфт коршинос.Рӯзи сешанбе дар Париж ҷаласаи сатҳи баланди "эътилофи хоҳишмандон" баргузор шуд. Пас аз ин нишаст, сарвазири Бритониё Кир Стармер эълон кард, ки иштирокчиён эъломияеро дар бораи ҷойгиркунии нерӯҳо дар ин кишвари пасошӯравӣ пас аз ба даст овардани сулҳ қабул кардаанд.Қаблан Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия ҳама гуна нерӯҳои хориҷиро дар қаламрави Украина ҳамчун ҳадафҳои қонунии низомӣ баррасӣ хоҳад кард. Президент инчунин афзуд, ки ҳатто пас аз ба даст овардани созишномаи сулҳ, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишавр номуносиб хоҳад буд.Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков инчунин қайд кард, ки Киев бояд ба музокирот шурӯъ кунад, зеро фазои қабули қарорҳои Украина дар натиҷаи амалҳои ҳамлаи Русия коҳиш меёбад. Ӯ изҳор дошт, ки идомаи низоъ барои Киев бемаънӣ ва хатарнок аст.
https://sputnik.tj/20260108/furuposhi-nazdik-gharb-rusiya-izhoroti-shadid-1074398123.html
русия
аврупо
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/06/1064225113_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a249d4483a630e635240cd2599988470.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, русия, амалиёти вижа, украина, пароканда, аврупо, сиёсат, дафн
има, русия, амалиёти вижа, украина, пароканда, аврупо, сиёсат, дафн
"Ҳоло лаҳзаи муносиб аст": ИМА ногаҳон аз парокандашудани Украина мегӯянд
Собиқ афсари артиши Амрико полковник Макгрегор гуфт, ки ҷаласаи Аврупо дар умури Украина бештар ба маросими дафн монанд буд
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Мушовири собиқи Пентагон Дуглас Макгрегор дар мусоҳиба бо Рейчел Блевинс дар канали YouTube-и худ гуфт, ки кӯшишҳои Аврупои вобаста муҳокимаи чӣ гуна наҷот додани Украинаи дар ҳоли нобудшавӣ бемаънӣ ва масхараомез ба назар мерасанд.
"Мо дар замоне қарор дорем, ки низоми кӯҳна фурӯпошӣ мекунад. НАТО фурӯпошӣ мекунад. Украина фурӯпошӣ мекунад. Агар шумо дар бораи Украина ҷаласае баргузор кунед, ин мисли рафтан ба маросими дафн аст ва ҷасад дар рӯи миз хобидааст. Ва одамон мепурсанд: "Мо бояд чӣ кор кунем?". "Хуб, шумо пойро гиред. Ман дастро мегирам. Мо воқеан ба ин узвҳои бадан ниёз дорем." Бо Украина вазъият чунин аст. Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли нобудшавӣ аст, он аз ҳам пошида мешавад", -гуфт коршинос.
Рӯзи сешанбе дар Париж ҷаласаи сатҳи баланди "эътилофи хоҳишмандон" баргузор шуд. Пас аз ин нишаст, сарвазири Бритониё Кир Стармер эълон кард, ки иштирокчиён эъломияеро дар бораи ҷойгиркунии нерӯҳо дар ин кишвари пасошӯравӣ пас аз ба даст овардани сулҳ қабул кардаанд.
Қаблан Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия ҳама гуна нерӯҳои хориҷиро дар қаламрави Украина ҳамчун ҳадафҳои қонунии низомӣ баррасӣ хоҳад кард. Президент инчунин афзуд, ки ҳатто пас аз ба даст овардани созишномаи сулҳ, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин кишавр номуносиб хоҳад буд.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков инчунин қайд кард, ки Киев бояд ба музокирот шурӯъ кунад, зеро фазои қабули қарорҳои Украина дар натиҷаи амалҳои ҳамлаи Русия коҳиш меёбад. Ӯ изҳор дошт, ки идомаи низоъ барои Киев бемаънӣ ва хатарнок аст.