Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳо фаҳмиданд, ки чӣ қадар сарбози аврупоӣ ба Украина фиристода мешавад

© AP / Sergei GritsФранцузские военнослужащие участвуют в многонациональных военных учениях "Пикне" ("Молния") на острове Сааремаа, Эстония, 26 сентября 2025 г.
Французские военнослужащие участвуют в многонациональных военных учениях Пикне (Молния) на острове Сааремаа, Эстония, 26 сентября 2025 г. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2026
Обуна шудан
Нашрияи “Times” менависад, ки Бритониё 7500 сарбозашро бу Украина сафарбар мекунад, гарчанде ҳатто ин рақам барои ин кишвар мушкил эҷод мекунад
ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Нашрияи “The Times” хабар медиҳад, ки Порис ва Лондон ба равон кардани то 15 ҳазор сарбоз ба Украина умед доранд.
"Агар созишномаи сулҳ ба ба имзо расад, Бритониё ва Фаронса то 15 ҳазор сарбозро барои дифоъ аз Украина хоҳанд фиристод, ки ин нисбат ба интизорҳои хеле кам аст", - изҳор доштааст нашрия.
Тибқи ду манбаи низомӣ, ки нашрия ба онҳо ишора кардааст, Бритониё 7500 сарбозро сафарбар мекунад, гарчанде ки ҳатто ин рақам барои онҳо мушкил эҷод мекунад, зеро артиши ин кишвар ҳамагӣ 71 ҳазор сарбоз дорад.
Рӯзнома менависад, ки нерӯҳои фаронсавӣ боқимондаи контингентро ташкил медиҳанд, ки дар қисмати нисбатан бехатари ғарбии кишвар, дур аз хатти ҷабҳа ҷойгир хоҳшанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, чанд манбаъ пешниҳод карданд, ки ҳатто ҳузури дар маҷмӯъ 15 ҳазор сарбоз хушбин аст. Дар мақола гуфта мешавад, ки Олмон омода аст, нерӯҳои худро дар наздикии Украина, эҳтимолан дар Лаҳистон ё Руминия ҷойгир кунад.
Флаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Ҳоло лаҳзаи муносиб аст": ИМА ногаҳон аз парокандашудани Украина мегӯянд
Нашрия қайд мекунад, ки тибқи нақша, нерӯҳои Бритониё ва Фаронса бояд дар омӯзиши артиши Украина кумак расонанд ва сохтмони "иншоотҳои амн"-ро барои нигоҳдории силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ, ки метавонанд барои дастгирии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина истифода шаванд, назорат кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия қаблан изҳор дошт, ки ҳама гуна сенарияи марбут ба ҷойгиркунии нерӯҳои кишварҳои узви НАТО дар Украина комилан қобили қабул нест ва хатари шиддат гирифтани вазъро дорад. Вазорат изҳоротеро, ки дар Бритониё ва дигар кишварҳои аврупоӣ дар бораи имкони ҷойгиркунии контингенти кишварҳои узви НАТО дар Украина дода шудаанд, ангеза барои идомаи амалиёти ҷангӣ номид.
Лентаи хабарҳо
0