Мақомоти ВМКБ: Ба хонаводаи афсари кушташуда дар Хоруғ хона тақдим карда шуд

© Foto / МИҲД - и Вилояти Мухтори Куҳистони БадахшонБа оилаи Наврӯзбеков Зиреҳбон хонаи ду ҳуҷрадор дар шаҳри Хоруғ тақдим гардид
Ба оилаи Наврӯзбеков Зиреҳбон хонаи ду ҳуҷрадор дар шаҳри Хоруғ тақдим гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2026
Обуна шудан
Мақомоти ВМКБ хабар додааст, ки ба оилаи Наврӯзбеков Зиреҳбон аз ҷониби президенти кившар Эмомалӣ Раҳмон хона тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 2янв — Sputnik. Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ахиран хабар дод, ба оилаи хизматчии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович, ки санаи 24 декабри соли 2025 зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии амалӣ террористӣ кушта шуд, калиди хонаи истиқоматии ду ҳуҷрадор дар шаҳри Хоруғ тақдим карда шуд.
Ҳукумати ВМКБ дар саҳифаи расмиаш дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ,зимни тақдими калиди хона раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот изҳор намудааст, ки ҳукумати кишвар ва халқи тоҷик ҳеҷгоҳ қаҳрамонӣ ва ҷонсупории чунин фарзандони қаҳрамонро фаромӯш нахоҳад кард.
Вай қайд кард, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда мақомоти вилоят низ кӯшиш менамоянд, ки оилаҳои фарзандони қаҳрамони ҷонфидоро дастгирӣ намояд.
На таджикско-афганской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2025
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ду марзбон ҳалок шуд: даргирии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов, ду афсари Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ рӯзи 24 декабр дар даргирӣ бо афроди мусаллаҳ дар наздикии мавзеи Қавоқ дар ноҳияи Шамсиддин кушта шудаанд. Мақомоти тоҷик ҳамлаваронро гурӯҳи террористӣ ном бурданд.
Ҳардуи ин афсарон дар қисми марзбонии "Саричашма" адои хидмат мекарданд.
Лентаи хабарҳо
0