https://sputnik.tj/20260101/zakharova-pulhoi-andozsuporandagoni-gharb-baroi-kushtani-odamoni-begunoh-istifoda-meshavad-1074305606.html
Захарова: Пулҳои андозсупорандагони Ғарб барои куштани одамони бегуноҳ истифода мешавад
Захарова: Пулҳои андозсупорандагони Ғарб барои куштани одамони бегуноҳ истифода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки пулҳои андозсупорандагони кишварҳои Ғарб барои куштани сокинони осоиштаи Херсон истифода мешаванд
2026-01-01T14:51+0500
2026-01-01T14:51+0500
2026-01-01T14:51+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
мария захарова
украина
ғарб
амалиёти вижа
херсон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073112415_0:0:3232:1819_1920x0_80_0_0_f363fda6a2fe1e840bef80b06734bec5.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, изҳор дошт, ки ба раҳбарони Ғарбӣ бояд гузоришҳое пешниҳод шаванд, ки дар он чӣ гуна миллиардҳо пули андозсупорандагони кишварҳояшон барои қатлу куштори шаҳрвандони Херсон, аз ҷумла кӯдакон, масраф мешаванд.Субҳи панҷшанбе, губернатори вилояти Херсон Владимир Салдо аз ҳамлаи се паҳподи интиҳорӣ ба як қаҳвахона ва меҳмонхона дар Хорли хабар дод.Яке аз паҳподҳо бо омехтаи оташгиранда пур карда шуда буд ва ба гуфтаи оқои Салдо, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина қасдан одамонро сӯзонданд.Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи минтақавӣ, 24 нафар кушта ва 29 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдак, маҷрӯҳ шудаанд.Табибон барои наҷоти ҷони қурбониён мубориза мебаранд. Кумитаи тафтишотӣ парвандаи терроризмро боз кардааст."Имрӯз ба президентҳо ва сарвазирони кишварҳои Ғарб бояд круассанҳои субҳонава тухми пухта бо гузоришҳое пешниҳод карда шавад, ки дар онҳо чӣ гуна миллиардҳо пули андозсупорандагони онҳо сарф шудаанд, чӣ қадар тӯҳфаҳои Соли Навӣ бо онҳо барои куштани шаҳрвандон харида шудаанд ва чӣ гуна онҳо дар куштори кӯдакон шарик мебошанд", - навиштааст Захарова дар канали Telegram-и худ.
https://sputnik.tj/20251231/ukraina-hamla-qarorgohi-putin-fishor-diplomati-1074287461.html
русия
украина
херсон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073112415_36:0:2767:2048_1920x0_80_0_0_6372047f8463b1caca20695f5a4861c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ғарб, украина, амалиёти вижа, кушта, одамони бегуноҳ, андозсупорандагон, херсон
русия, ғарб, украина, амалиёти вижа, кушта, одамони бегуноҳ, андозсупорандагон, херсон
Захарова: Пулҳои андозсупорандагони Ғарб барои куштани одамони бегуноҳ истифода мешавад
Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки пулҳои андозсупорандагони кишварҳои Ғарб барои куштани сокинони осоиштаи Херсон истифода мешаванд
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, изҳор дошт, ки ба раҳбарони Ғарбӣ бояд гузоришҳое пешниҳод шаванд, ки дар он чӣ гуна миллиардҳо пули андозсупорандагони кишварҳояшон барои қатлу куштори шаҳрвандони Херсон, аз ҷумла кӯдакон, масраф мешаванд.
Субҳи панҷшанбе, губернатори вилояти Херсон Владимир Салдо аз ҳамлаи се паҳподи интиҳорӣ ба як қаҳвахона ва меҳмонхона дар Хорли хабар дод.
Яке аз паҳподҳо бо омехтаи оташгиранда пур карда шуда буд ва ба гуфтаи оқои Салдо, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина қасдан одамонро сӯзонданд.
Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи минтақавӣ, 24 нафар кушта ва 29 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдак, маҷрӯҳ шудаанд.
Табибон барои наҷоти ҷони қурбониён мубориза мебаранд. Кумитаи тафтишотӣ парвандаи терроризмро боз кардааст.
"Имрӯз ба президентҳо ва сарвазирони кишварҳои Ғарб бояд круассанҳои субҳонава тухми пухта бо гузоришҳое пешниҳод карда шавад, ки дар онҳо чӣ гуна миллиардҳо пули андозсупорандагони онҳо сарф шудаанд, чӣ қадар тӯҳфаҳои Соли Навӣ бо онҳо барои куштани шаҳрвандон харида шудаанд ва чӣ гуна онҳо дар куштори кӯдакон шарик мебошанд", - навиштааст Захарова дар канали Telegram-и худ.