https://sputnik.tj/20260101/rustami-emomali-sokinoni-tojikiston-soli-nav-tabrik-1074313346.html
Рустами Эмомалӣ сокинони Тоҷикистонро бо Соли Нав табрик кард
Рустами Эмомалӣ сокинони Тоҷикистонро бо Соли Нав табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси маҷлиси олии Тоҷикистон ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ рӯзгори обод, саодату комёбӣ ва баракати зиндагиро орзу кард
2026-01-01T19:41+0500
2026-01-01T19:41+0500
2026-01-01T19:41+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
таҷлил соли нав
соли нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0f/1073817068_0:32:1280:752_1920x0_80_0_0_c1c3a262d0887c6e41560ddaa645defd.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Раиси палатаи болии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ сокинони кишварро бо Соли Нав табрик гуфт.Рустам Эмомалӣ дар суханронии худ қайд кард, ки ҷумҳурӣ дар соли 2025 ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст.“Соли 2025, бо вуҷуди печидагӣ ва номуътадилии равандҳои ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ мегардад”, - гуфт Рустам Эмомалӣ.Вай гуфт дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ корҳои бунёдкориву созандагиро вусъати тоза бахшиданд, ки дар ин раванд саҳми сокинони ободпешаи пойтахт низ назаррас буд.Рустами Эмомалӣ боварӣ дорад, ки сокинони кишвар дар соли нави 2026 низ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббусҳои неку созанда ва меҳнати содиқона барои пешрафт, шукуфоӣ ва ободии кишвар камари ҳиммат баста, ҷашни муқаддаси 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба таври шоиста истиқбол мегиранд.Вай бори бори дигар ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 табрик гуфта, орзу кард, ки соли нав ба Тоҷикистон соли таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва пешрафту дастовардҳои бузург гардад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/50039
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0f/1073817068_31:8:1249:921_1920x0_80_0_0_51a98b96903ed0883f17e618c2b07585.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рустам эмомалӣ, раиси шаҳр, соли нав, табрик, сокинон
тоҷикистон, рустам эмомалӣ, раиси шаҳр, соли нав, табрик, сокинон
Рустами Эмомалӣ сокинони Тоҷикистонро бо Соли Нав табрик кард
Раиси маҷлиси олии Тоҷикистон ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ рӯзгори обод, саодату комёбӣ ва баракати зиндагиро орзу кард
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Раиси палатаи болии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ сокинони кишварро бо Соли Нав табрик гуфт.
Рустам Эмомалӣ дар суханронии худ қайд кард, ки ҷумҳурӣ дар соли 2025 ба як қатор муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст.
“Соли 2025, бо вуҷуди печидагӣ ва номуътадилии равандҳои ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ мегардад”, - гуфт Рустам Эмомалӣ.
Вай гуфт дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ корҳои бунёдкориву созандагиро вусъати тоза бахшиданд, ки дар ин раванд саҳми сокинони ободпешаи пойтахт низ назаррас буд.
Рустами Эмомалӣ боварӣ дорад, ки сокинони кишвар дар соли нави 2026 низ бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббусҳои неку созанда ва меҳнати содиқона барои пешрафт, шукуфоӣ ва ободии кишвар камари ҳиммат баста, ҷашни муқаддаси 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба таври шоиста истиқбол мегиранд.
Вай бори бори дигар ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 табрик гуфта, орзу кард, ки соли нав ба Тоҷикистон соли таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва пешрафту дастовардҳои бузург гардад.