Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ИМА ба Зеленский хабари бад додад

© Foto / Владимир Зеленский / telegramВстреча президента США Дональда Трампа и Владимира Зеленского
Встреча президента США Дональда Трампа и Владимира Зеленского - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2025
Обуна шудан
Коршиноси масоили амниятии амрикоӣ гуфт, идомаи низоъ бо Русия барои Украина ба худкушӣ баробар аст
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Вақти он расидааст, ки Владимир Зеленский дарк кунад, ки тӯл кашидани низоъ бо Русия ба фурӯпошии пурраи Украина оварда мерасонад.
Дар ин бора афсари мустаъфии артиши ИМА Дэниел Дэвис дар канали YouTube-и “Deep Dive” хабар дод
"Агар шумо вазъиятро дар хатти ҷабҳа тағйир дода натавонед, идома додани пешравӣ худкушӣ аст. Шумори шаҳрҳо, коҳиш меёбанд. Километрҳои мураббаъ ба Русия мегузарад. Шумори зиёди сарбозонатон мемиранд. Шумо одамони кофӣ барои тағйири вазъ надоред", - қайд кард ӯ.
Коршинос таъкид кард, ки қудрати муштараки Ғарб барои истеҳсоли лавозимоти ҷангӣ, силоҳ ва дигар воситаҳои ҷангии кофӣ барои кӯмак ба Украина нокифоя аст.
"Шумо наметавонед онҳоро мағлуб кунед. Шумо наметавонед ба онҳо муқовимат кунед. Ва новобаста аз он ки Ғарб чӣ пешниҳод мекунад — пул, тир, бомба, танк, ҳавопаймо, ҳама гуна чизҳои моддӣ — онҳо ҳеҷ чизро тағйир намедиҳанд", — хулоса кард ӯ.
Встреча президента США Дональда Трампа и Владимира Зеленского - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Ҳатман бояд анҷом дод": Изҳороти тунди ИМА дар бораи Зеленский
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков изҳор дошт, ки нокомиҳо дар ҷабҳа бояд Украинаро ҳоло ба мизи гуфтушунид тела диҳанд. Ғайр аз ин, намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя қайд кард, ки воҳидҳои украинӣ талафот мебинанд ва зуд самаранокии ҷангии худро аз даст медиҳанд.
Қаблан, президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо India Today изҳор дошт, ки ё қаламравҳои таҳти назорати Киев бо зӯрӣ озод карда мешаванд, ё нерӯҳои украинӣ мераванд ва куштани одамонро дар он ҷо қатъ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0