Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон дар Соли нав чӣ таманно кард?

© telegram Sputnik_Tajikistan / Гузариш ба медиабонкРаҳмон тоҷикистониҳоро бо Соли нави мелодии 2026 шодбош гуфт
Раҳмон тоҷикистониҳоро бо Соли нави мелодии 2026 шодбош гуфт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2025
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо фарорасии Соли нави мелодии 2021 шодбош гуфт
ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми тоҷик - сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ин муносибат табрик кард.
Раҳмон дар паёмаш қайд кард, ки соли мелодие, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистон боз як соли бобарору таърихӣ ва соли дастоварду пешравиҳои назаррас гардид.
“Бо вуҷуди шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири манфии омилҳои берунӣ мо дар соли 2025 ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар самти сиёсати хориҷӣ ба як қатор дастоварду нишондиҳандаҳои қобили мулоҳиза ноил гардидем”, - гуфт ӯ.
Раҳбари кишвар қайд кард, ки ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи кишвар рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардид.
Кишвардори Тоҷикистон илова кард, ки барномаву нақшаҳои муҳимме, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ қабул шудаанд, дар соли 2025 бомаром амалӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд.
Неформальная встреча глав делегаций государств-участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2025
Раҳмон ҳамлаи паҳподӣ ба қароргоҳи Президенти Русияро маҳкум кард
Раҳмон таъкид кард, ки ҳукумати кишвар ба ҳадафҳои гузошта хеле наздик шуд.
Раҳмон дар паёмаш аз ҷумла дар бораи интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ёдовар шуд ва онро рӯйдоди муҳимми сиёсии соли сипаришудаистода донист.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфт мардуми кишвар, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони саховатпеша содиқона ва софдилона заҳмат кашида, корҳои созандаву бунёдгаронаро вусъати бесобиқа бахшиданд.
Вай гуфт онҳо ҳазорҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, роҳу пулҳо, кӯдакистону мактабҳо ва муассисаҳои тиббиву хизматрасонӣ бунёд карданд.
Раҳмон ба онҳо дар паёмаш самимона сипосу миннатдорӣ баён кард.
Раҳмон қайд кард, ки соли 2026-умро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими ҳувият ва худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудем.
“Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, барои мо аз лиҳози дастгирии ташаббусҳои байналмилалии кишварамон низ соли бобарору хотирмон гардид”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки тамоми комёбиҳои то имрӯз бадастомада, пеш аз ҳама, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2025
Раҳмон таваҷҷуҳи ҷаҳонро ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ҷалб кард
Раҳмон қайд кард, ки соле, ки фаро мерасад, ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ соли хеле муҳим – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад.
Инчунин кишвардори Тоҷикистон аз ҷомеа даъват кард, ки ба тарбияи фарзандон, яъне наслҳое, ки ояндаи миллат мебошанд, эътибори аввалиндараҷа диҳанд ва барои онҳо шароити беҳтарини таълимро муҳайё намоянд.
Вай илова кард, ки дар кишвар бояд ҳарчи бештар коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардад, то барои ҳамватанонамон ҷойҳои корӣ таъсис дода шувад.
Лентаи хабарҳо
0