https://sputnik.tj/20251230/maskav-rossotrudnichestvo-qatora-makhsus-1074251544.html
Дар Маскав ба муносибати 100-солагии "Россотрудничество" қатораи махсус ба кор даромад
Дар Маскав ба муносибати 100-солагии "Россотрудничество" қатораи махсус ба кор даромад
Sputnik Тоҷикистон
Қатораи мавзӯӣ, ки дар яке аз хатҳои метро ҳаракат мекунад, ба 100-солагии дипломатияи ҷамъиятӣ бахшида шудааст 30.12.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-12-30T11:41+0500
2025-12-30T11:41+0500
2025-12-30T11:41+0500
россотрудничество
маскав
дар русия
қатора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1d/1074243329_0:63:1200:738_1920x0_80_0_0_6462418bc8bdcac85242aaf447c68363.jpg
ДУШАНБЕ, 30 дек - Sputnik. Дар метрополитени Маскав қатораи мавзӯӣ бахшида ба 100-солагии дипломатияи ҷамъиятӣ ба ҳаракат даромад.Он шаш моҳ дар хатти Серпуховско-Тимирязевская ҳаракат хоҳад кард. Дар ин бора дар канали Telegram-и Департаменти нақлиёти Маскав эълон карда шуд.Қайд карда мешавад, ки дар вагонҳо мусофирон метавонанд дар бораи фаъолияти Россотрудничество, мубодилаи фарҳангӣ ва ташаббусҳои башардӯстона маълумот пайдо кунанд.Дар ин маҷмӯа аксҳои беназири бойгонии шахсиятҳои ҷамъиятӣ, ки Русияро дар хориҷа фаъолона таблиғ мекарданд, мавҷуданд. Инчунин, дар он иқтибосҳои шахсиятҳои машҳур дар бораи Русия ва фарҳанги он оварда шудаанд.Беш аз 500 довталаби Тоҷикистон барои таҳсил тариқи квота дар Русия ҳуҷҷат супоридандБа гуфтаи муовини шаҳрдори Маскав оид ба нақлиёт ва саноат Максим Ликсутов, нақлиёти Маскав бо дастури шаҳрдор бо созмонҳои гуногуни фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва таълимӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Ӯ қайд кард, ки "Россотрудничество" солҳои тӯлонӣ таъсири башардӯстонаи Русияро дар саросари ҷаҳон тақвият медиҳад.
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1d/1074243329_67:0:1134:800_1920x0_80_0_0_064ca09992dce448167877c1f31b478a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қатора, махсус, 100-солагии "россотрудничество", маскав
қатора, махсус, 100-солагии "россотрудничество", маскав
Дар Маскав ба муносибати 100-солагии "Россотрудничество" қатораи махсус ба кор даромад
Қатораи мавзӯӣ, ки дар яке аз хатҳои метро ҳаракат мекунад, ба 100-солагии дипломатияи ҷамъиятӣ бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 30 дек - Sputnik. Дар метрополитени Маскав қатораи мавзӯӣ бахшида ба 100-солагии дипломатияи ҷамъиятӣ ба ҳаракат даромад.
Он шаш моҳ дар хатти Серпуховско-Тимирязевская ҳаракат хоҳад кард.
Дар ин бора дар канали Telegram-и Департаменти нақлиёти Маскав эълон карда шуд.
"Қатораи нави метро ба 100-солагии дипломатияи ҷамъиятӣ бахшида шудааст. Тарҳи он марҳилаҳои калидии рушди дипломатияи ҷамъиятиро дар Русия аз солҳои 1920 то имрӯз инъикос мекунад. Қатораи мавзӯъӣ шаш моҳ дар хатти Серпуховско-Тимирязевская ҳаракат хоҳад кард. Ин охирин қатораи мавзӯъӣ аст, ки соли 2025 ба кор андохта шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Қайд карда мешавад, ки дар вагонҳо мусофирон метавонанд дар бораи фаъолияти Россотрудничество, мубодилаи фарҳангӣ ва ташаббусҳои башардӯстона маълумот пайдо кунанд.
Дар ин маҷмӯа аксҳои беназири бойгонии шахсиятҳои ҷамъиятӣ, ки Русияро дар хориҷа фаъолона таблиғ мекарданд, мавҷуданд. Инчунин, дар он иқтибосҳои шахсиятҳои машҳур дар бораи Русия ва фарҳанги он оварда шудаанд.
Ба гуфтаи муовини шаҳрдори Маскав оид ба нақлиёт ва саноат Максим Ликсутов, нақлиёти Маскав бо дастури шаҳрдор бо созмонҳои гуногуни фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва таълимӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад.
Ӯ қайд кард, ки "Россотрудничество" солҳои тӯлонӣ таъсири башардӯстонаи Русияро дар саросари ҷаҳон тақвият медиҳад.