Дар Тоҷикистон барои муқоисаи нархҳо саҳифаи вижаи интернетӣ таҳия мешавад

© Хадамоти матбуотии БМТҶаласа дар Бонки миллии Тоҷикистон
Ҷаласа дар Бонки миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2025
Обуна шудан
Мақсади таҳияи саҳифаи интернетӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 27 дек - Sputnik. Дар Тоҷикистон “Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо”-и хизматрасониҳои молиявӣ таҳия карла мешавад.
Ин масъала зимни ҷаласаи корӣ, таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ва бо ширкати намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ баррасӣ шудааст, хабар медиҳад БМТ.
Муродализода қайд кардааст, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ ба аҳолӣ, қарори Ҳукумат аз 1 июли соли 2022, №314 “Дар бораи Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ барои солҳои 2022-2026” қабул гардидааст.
Стратегияи мазкур чор самти асосиро дар бар гирифта, яке аз самтҳои муҳимми он таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.
Ҳамин тавр, дар асоси таклифу пешниҳодҳои воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи “Супориши техникӣ барои таҳияи саҳифаи интернетии мазкур” таҳия карда шудааст.

“Таҳияи “Саҳифаи интернетӣ...” дар баробари таъмини дастрасии осони маълумоти боэътимод дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ ба истеъмолкунандагон, ҳамчунин ба ташаккули рақобати солим байни ташкилотҳои қарзию суғуртавӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ, беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ва рушди устувори низоми молиявӣ мусоидат хоҳад кард”, - гуфтааст, Далер Муродализода.

Дар идома оид ба таҳияи “Саҳифаи интернетии мутамарказ барои муқоисаи нархҳо/пешниҳодҳо”-и хизматрасониҳои молиявӣ миёни аҳли нишаст табодули афкор сурат гирифтааст.
Здание Нацбанка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2025
Таҳримҳои ИА, тиҷорат бо Русия ва қурби асъор: Пешгӯии БМТ барои соли 2026
Далер Муродализода дар фароварди чорабинӣ аз намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ даъват кардааст, ки барои таҳия ва татбиқи саҳифаи интернетии мазкур ва таъмин намудани ҳадафҳои пешбининамудаи Ҳукумат ҳамкориро бо БМТ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Лентаи хабарҳо
0