Раҳмон ваъда дод то соли 2027 дигар маҳдудияти барқӣ намешавад

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиПослание Эмомали Рахмона парламенту Таджикистана
Послание Эмомали Рахмона парламенту Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2025
Обуна шудан
Президент ба мардуми Тоҷикистон ваъда дод, ки аз моҳи сентябри соли 2027 камбуди барқ ё "лимит" дар кишвар аз байн меравад
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми худ ба парлумон, вобаста ба маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар, гуфт, ки ин охирин зимистони душвор аст ва аз зимистонҳои баъдӣ вазъ беҳтар мешавад.
Вай ба мардум муроҷиат карда гуфт, ки "аз соли 2027 фаромуш мекунем дигар барқ куштанро".
“Моро дуруст фаҳмед. Мову шумо аз ҳама рӯзҳои сахту сангин дар солҳои навадро гузаронидем. Як зимистони дигар дар пеш аст, зимистони соли 2026 сабуктар мешавад. Мо иқтидорҳои нав ба истифода медиҳем ва соли 2027 маҳдудияти барқро фаромӯш мекунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки сабаби камбуди барқ дар кишвар зиёд шудани аҳолӣ, ба кор даромадани корхонаҳои зиёд ва кам шудани воридшавии об ба обанбори Норак аст.
Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои бартарафсозии ин мушкилот тамоми чораҳои зарури амалӣ менамояд. Дар айни замон корҳои лоиҳавию сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт оғоз гардида, то моҳи августи 2026 ба истифода дода мешаванд.
Нурекское водохранилище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2025
Вазорат энергетика: Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон аз табиат сахт вобаста аст
Вай таъкид кард, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло дар ин нерӯгоҳ 18 ҳазору 600 коргар дорад машғули сохтмон ҳаст ва зиёда аз 3 ҳазору 900 техника истифода мешавад.
“То имрӯз 60 дарсади корҳо, ки аз ҳама корҳои вазнину душвор ва серхароҷот буданд, иҷро шудаанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0